Мадрасаи "Мирраҷаб Додхоҳ"

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Осорхонаи "Мирраҷаб Додхоҳ"

Мадрасаи "Мирраҷаб Додхоҳ" дар шаҳри Конибодом, вилояти Суғд ҷойгир шуда, ёдгории таърихии меъмории асри XVII, ки солҳои 1656 – 60 бо ташаббуси ҳокими он замон Мирраҷаб Додхоҳ дар кӯчаи Ҷари шаҳри Конибодом аз хишти пухта сохта шудааст. Бино ба вақфномае, ки соли 1883 навишта шудааст, ин мадраса ба домулло Олим ном марди хирадманд тааллуқ дошт. Даромадгоҳи мадраса дар мобайн воқеъ буда, дарвозаи кандакорӣ дорад. Дарвозаи мадрасаро устоҳои кандакор Мулло Ҳоҷӣ Саид ва Усто Мансур сохта, дар кунҷи болои он санаи сохтмони дарвоза – 1070 (1656 – 60) ва исми худро бо хатти арабӣ сабт намудаанд. Дар даромадгоҳи мадраса гумбази куррашакл ва пештоқҳо ҷойгиранд. Дар ду тарафи даромадгоҳ ду гулбуттаи (манора) начандон баланд ҷойгир аст. Асоси ёдгориро ду толори гуногунҳаҷм ташкил медиҳад, ки як толор ба сифати намозгоҳ, толори дигар ба сифати дарсхона истифода бурда мешуд. Дар дохили мадраса 15 ҳуҷра ва дар қисми ҷанубии он айвони 10-сутундор ҷойгир аст, ки ба сифати намозгоҳи тобистона истифода бурда мешуд. Ин айвонҳоро солҳои 1916 – 1917 устоҳои наҷҷор Муҳаммад Шукур, Усто Эрбой, Усто Ориф ва Усто Олим сохта, кандакорӣ намудаанд. Дар мадраса 100 нафар шогирдон таҳсил мекардаанд. Дар ибтидои асри 20 Ҷунайдулло Махсум (ваф. 1919) ва Махсум-домулло аз гузари Арабхона 40 сол мударриси ин мадраса буданд. Сипас дар ин мадраса Бӯрихон-домулло, Ҷунайд-домулло ва Саидхон мударрисӣ кардаанд. Мадраса дар роҳи Халтақишлоқ (ҳоло Янгиобод) замин (вақф) дошт, ки даромади он ба хароҷоти мадраса сарф мешуд. Соли 1883 Муҳаммад Шариф писари Ашӯр Қайчӣ ба ин мадраса сарварӣ мекард. Ӯ ба 15 пули тило об харид ва онро ба истифодаи замини мадраса бидод. Дар бинои мадраса солҳо 1922 – 24 мактаби «Доруттадрис», солҳои 1914 – 1928 мактаби дараҷаи 2-юм, курси дусолаи муаллимтайёркунӣ, минбаъд интернат ва хобгоҳи Омӯзишгоҳи касбҳои технинии № 18 ҷой гирифта буданд. Бинои вайронаи ин мадраса бо қарори комиҷроияи шаҳри Конибодом аз 3 августи соли 1977 пурра таъмир гардид ва аз 7 июли соли 1983 барои истифода ба ихтиёри осорхонаи таърихию кишваршиносии шаҳр дода шуд.

Имрӯз ин мадраса ҳамчун осорхонаи шаҳри Конибодом хизмат мекунад.

Нигаред низ[вироиш]

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.