Мадрасаи Арабмуҳаммадхон
Зоҳир
(Тағйири масир аз Мадрасаи Арабмухаммадхон)
МАДРАСАИ АРАБМУҲАММАДХОН, ёдгории меъморӣ дар Хева (1616). Бинои начандон калони но-мавзун, ки дохили Ичанқалъа ҷой гирифтааст. Усули синҷбандиаш 6а меъмории халқӣ наздик аст. Ҳуҷраҳои он бо гунбазҳои «балхӣ» пӯшонида шудаанд. Мадрасаи Арабмуҳаммадхон сақфу сутунҳои кандакорӣ дорад. Мадраса чандин маротиба таъмир шуда, шакли аввалаашро гум кардааст. Замони Оллоҳқулихон (1838) дар шафати он аз хишти пухта Мадрасаи Оллоҳқулихон бино ёфтааст. Ёдгорӣ ҳоло дар муҳофизати давлат аст.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |