Макс Глакман

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Макс Глакман
африкаанс Max Gluckman
Таърихи таваллуд 26 январ 1911(1911-01-26)[1][2][3]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 13 апрел 1975(1975-04-13)[1][2][3] (64 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ инсоншиносии фарҳангӣ[d], social anthropology[d][4] ва activism[d][4]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори фалсафа[d]
Алма-матер
Ҷоизаҳо

Макс Ге́рман Гла́кман (баъзан Глюкман; англ. Max Herman Gluckman; 26 январ 1911[1][2][3], Йоҳаннесбург, устони Тронсфол[d]13 апрел 1975[1][2][3], Уршалим) — инсоншиноси иҷтимоии бритониёӣ, африқошинос; узви Академияи Британиё (1968).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар оилаи яҳудие, ки аз империяи Русия ба Африқои Ҷанубӣ муҳоҷират карда буд, таваллуд шудааст. Дар Донишгоҳи Витватерсранд (Африқои Ҷанубӣ; 1928-34) ва Оксфорд (1934-36) таҳсил намуда, илмҳои ҳуқуқ ва антропологияро омӯхт. Соли 1938 дар мавзӯи «Нақши маросимҳои динӣ дар нигаҳдошти тартиботи иҷтимоӣ дар байни халқҳои банту» рисолаи докторӣ ҳимоя кард. Аз соли 1939 дар Институти ба номи Родс ва Ливингстон фаъолият менамуд (солҳои 1941—1947 директор). Дар Манчестер Мактаби антропологияи иҷтимоӣ ташкил кард. Ақидаҳои илмии Макс Глакман таҳти таъсири ғояҳои Дюркгейм ва Радклифф-Браун ташаккул ёфтааст. Макс Глакман зимни таҳлили маросими сарнагунсозии коҳин-шоҳ, ки халқҳои африқоӣ баргузор мекарданд, ба хулосае расид, ки шаклҳои ба маросим табдилёфтаи низоъҳо яке аз механизмҳои муҳимтарини нигаҳдошти суботи иҷтимоӣ дар ҷомеаи қабилавӣ мебошад (бар хилофи ҷомеаи индустрӣ, ки дар он вазифаи нигаҳдошти суботи сиёсиро ҳуқуқи расмӣ анҷом медиҳад). Таҳқиқоти ӯ оид ба нақши низоъ дар ҳаёти иҷтимоии ҷамъияти анъанавӣ маъруф аст. Макс Глакман низоъро падидаи комилан муқаррарӣ ва ҳатто то андозае солими ҳаёти ҷомеа, тавъам бо нигаҳдошти тартиботи иҷтимоӣ арзёбӣ кардааст. Аз нигоҳи ӯ, дохилшавии низоъҳо ба сохтори муносибатҳои ҷамъиятӣ дар муддати тӯлонӣ ба такрористеҳсоли ҳамраъйии ҷамъиятӣ боис мегардад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Терешкович П. В. Глакман // Новейший философский словарь : Энциклопедия. Минск, 1998.
  • Глакман Макс // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.