Маликаи ҳоким

Малика, ки дар ҳолати ҳукмронӣ қарор дорад ё ҳоким — унвони шоҳонаест, ки барои подшоҳ зан истифода мешавад. Маликаи ҳукмрон [маликаест, ки тахтро ба танҳоӣ мерос мегирад ва кишварро мустақилона подшоҳӣ мекунад .
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Маликаҳои пурқудрати ҷаҳон дар таърихи ҷаҳон нақши муҳим бозидаанд.
Дар Мисри қадим, ягона зане, ки ба мақоми фиръавн расид, Малика Ҳатшепсут, фиръавни панҷуми Мисри Қадим буд, ки 3500 сол пеш ба ин унвон расида, 22 сол ҳукмронӣ кард. Ҳукмронии ӯ бо сабаби тиҷорат ва меъмории шукуфонаш ҳамчун Асри тиллоии Миср маъруф аст.
Клеопатра, охирин маликаи Мисри Қадим, 21 сол ҳукмронӣ кард. Вай зане аз мардуми юнониҳо буд, ки то ҳол бо саводнокӣ, ҷозиба ва зебоии худ машҳур аст.
Дар Эрони бостон ва Шоҳаншоҳии Сосониён, ду маликаи сулолаи Сосонӣ, Бӯрондухт ва Озармидухт, ба мақоми Шоҳаншоҳ расиданд, ки дар давраи Сосониён онҳоро Бонбишнон бонбишн (шаҳбонуи шаҳбонувон) нисбати ҳамин маликаҳо меномиданд ва ҳар кадоме қариб як сол ҳукмронӣ карданд.
Изабелла I аз Кастилия ва Лион аввалин маликаи Испанияи муттаҳид буд, ки бо дастгирии киштии баҳрнавард Христофор Колумб ба кашфи Амрико оварда расонд.
Феҳристи маликаҳои ҳукмрон
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бӯрондухт ва Озармидухт дар Эрони бостон
- Клеопатра, охирин маликаи Мисри Қадим
- Елизаветаи I шоҳигарии Бритониёи Кабир
- Малика Виктория ва Елизаветаи II аз Бритониёи Кабир
- Екатеринаи Бузург, маликаи Русия
- Мария Тереза, маликаи Руми Муқаддаси Австрия
- Ву Зетян, ягона маликаи Чин
- Малика Сондеок аз Силла, маликаи Корея
Ҷусторҳои марбут
[вироиш | вироиши манбаъ]Манобеъ
[вироиш | вироиши манбаъ]- مشارکتکنندگان ویکیپدیا. «Queen regnant». در دانشنامهٔ ویکیپدیای انگلیسی، بازبینیشده در ۲۲ فروردین ۱۳۹۱.