Jump to content

Малика Зикриёева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Малика Зикриёева
Малика Файзиевна Зикриёева
Таърихи таваллуд 11 май 1962(1962-05-11) (62 сол)
Зодгоҳ Душанбе ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Малика Файзиевна Зикриёева (11 майи 1962, Душанбе) — муаррих, доктори илми таърих (2002). профессор (2009), профессор.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1984). Аспиранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1985—1988), солҳои (1999—2002) докторанти кафедраи таърихи халқи тоҷик. Аз соли 1984 ба ҳайси ассистенти кафедраи таърихи ДДТ ба кор шурӯъ кард. Аз моҳи августи соли 1988 то моҳи декабри соли 1998 ба ҳайси муаллимаи калони кафедраи таърихи Ватании Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Аз моҳи январи соли 2003 то моҳи августи соли 2006 дар вазифаи дотсенти кафедраи таърихи халқҳои Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Аз моҳи августи соли 2006 дар вазифаи профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дорад. Дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2012).

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар давоми фаъолияти кориаш беш аз 80 асару мақола чоп намудааст. Таҳти роҳбарии ӯ 5 нафар унвоҷу соҳиби унвони номзади илми таърих шудаанд.

  1. Тоҷикистон дар асри ХХ ва ибтидои асри ХХI. Душанбе: Матбуот.- 2008.- 320 с. (бо ҳаммуаллифии Р. Набиева ва Ф. Зикриёева);
  2. Занони Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Душанбе: 2010. — 112 с. (бо ҳаммуаллифии Р. Набиева);
  3. Научная литература, освещающая героические подвиги женщин Таджикистана на фронтах Великой отечественной войны. — Калуга: Эйдас, 2010. — с. 174—184. (бо ҳаммуаллифии Р. Набиева);
  4. Таърихинигории масъалаи ҷалб намудани занон ба ҳаёти ҷамъияти сиёсии ҶТ. //Паёми Донишгоҳ № 8.- 2011. — С. 62-69;
  5. Таърихи Ватан. — Душанбе: Сино, 2012.- 364 с. (бо ҳаммуаллифии Р. Набиева ва Ф. Зикриёев).
  • Энциклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. — Душанбе,2008.-107с.