Малика Саидова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Малика Саидова
Санаи таваллуд

14 август 1968(1968-08-14) (51 сол)

Зодгоҳ

ноҳияи Файзобод

Кишвар

 Тоҷикистон

Касб(ҳо)

овозхон

Сабк

мусиқии попи тоҷикӣ

Номи мустаъор

Маликаи Саид

Малика Саидова- 14 августи соли 1968, дар ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон таваллуд ёфтааст, овозхони мусиқии попи тоҷикӣ мебошанд.

Зиндагинома[вироиш]

Малика Саидова санаи 14 августи соли 1968 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Вай худро шогирди Нигина Рауфова меҳисобад. Малика Саидова аз ҳунармандони маҳбуби Тоҷикистон аст, ки ибтидои солҳои навадуми қарни ХХ ба саҳнаи ҳунари тоҷик пайваста, ҳоло бо таваҷҷуҳи бештар ба тоату ибодат, аз саҳна дур шудааст. Малика Саидоваро он замон як шеъри шоири маъруф Гулрухсор Сафиева ҳамчун ҳунарманди ҷавону соҳибистеъдод муаррифӣ кард. Малика дар тӯли тақрибан 20 соли ахир ҳамасола як албоми сурудҳои худро нашр мекард. Аммо ба якборагӣ буридани ӯ аз касб ва пайвастани ӯ ба ҷодаи дигар, ҳамтоҳову мухлисонашро ҳам ба ҳайрат овард ва ҳам маҳзун кард. Малика Cаидова суруди охирини худро тақрибан соли 2009 сурудааст. Аз он вақт то кунун Малика дигар таронае эчод накард ва маълум нест, ки барномаҳои эҷодияш дар оянда таҳия хоҳанд шуд ё не. Ин овозхони шинохта ҳоло дунёи комилан дигар дорад ва мегӯяд матни як таронаи мазҳабӣ маҷрои зиндагии уро ба самти дигар бурд. Ӯро бештар ба Худо наздик кард ва зиёрати Каъбаи муқаддасро насибаш кард. Малика саҳнаву тамрину таронасароиро ба дӯкони хурде дар яке аз кӯчаҳои Душанбе иваз кардааст. Малика Саидова баъди бозгашт аз зиёрати хонаи Каъба гуфт, ки "ин зиёрат арзишҳои қаблиро дар назари ман камрангтар кардааст."

Эҷодиёт[вироиш]

Садои хуби сарояндаги дорад ва бештар сурудҳои халқӣ месароид.

Сурудҳо[вироиш]

  • «Зиндагӣ»;
  • «Куртаи чити қаламӣ»;
  • «Ёр»;
  • «Додар»;
  • «Дили ман»;
  • «Эй одамӣ»;
  • «Ишқ»...

Адабиёт[вироиш]

  • Тақвими санаҳои ҷашнии Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2018) / Мураттиб Ё. Сучонӣ; Зери таҳрири умумии А. Мирализода; Муҳаррирон Г. Маҳмудов, Ф. Аминов. – Душанбе, 2017. – 393 с.

Пайвандҳо[вироиш]

  • Малика:Зиндагӣ дарс асту панд аст.... ozodi.org (15 сентябри 2010). 23 сентябри 2018 санҷида шуд.