Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Маликнеъмат Неъматзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маликнеъмат Неъматзода

Маликнеъмат Неъматзода (Маликнеъмат Неъматов; 20 ноябри 1959, ноҳияи Масчо) — адиб, шоир, омӯзгор, номзади илмҳои филология (2009), узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Маликнеъмат Неъматзода 20 ноябри соли 1959 дар ноҳияи Масчо зода шудааст. Соли 1977 мактаби миёнаро хатм карда, донишҷӯи факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд ба номи С. М. Киров гардидааст.

Аз солҳои донишҷӯи бо дастгирии шоира Озод Аминзода, аввалин намунаи шеърҳои ӯ дар рӯзномаи вилоятӣ интишор ёфта, дар олами эҷод гомҳои нахустин гузоштааст. Минбаъда намунаҳои эҷодиёташ дар рӯзномаву маҷаллоти гуногуни ҷумҳурӣ ба дасти чоп расидаанд. Чанде дар рӯзномаи ноҳиявии «Машъал» ифои вазифа намуда, баъдан, наздики 30 соли ахир, машғули омӯзгорист.

Навиштаҳояш дар китобҳои «Нилуфари Моҳтоб», «Одамасп», «Эҳёи Мадрушкат» (ҳамроҳи Олимхон Исматӣ), «Ин дарахтон…», «Маснавии навӣ», «Нешу нӯш», «Хуршедҳои гумшуда», «Пионерия», «Сурмаи дил», «Ҳақталош» ва «Деҳхудо» ба чоп расидаанд.

Соли 2009 дар мавзӯи «Рашаҳот айн-ил-ҳаёт»-и Фахриддин Алии Сафӣ рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

Аз соли 2006 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

  • «Адибони Тоҷикистон». — Д.: Адиб, 2014. — С. 163.