Jump to content

Малоҳат Бобоҷонова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Малоҳат Бобоҷонова
Бобоҷонова Малоҳат Ҷумъаевна
Таърихи таваллуд 2 июл 1952(1952-07-02) (72 сол)
Зодгоҳ Хуҷанд
Фазои илмӣ зистшиносӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои биология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Институти давлатии педагогии Ленинобод (1977)

Малоҳат Бобоҷонова (2 июли 1952, Хуҷанд) — зистшинос, доктори илмҳои биология (2007).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Институти давлатии педагогии Ленинобод (1977). Лаборант, лаборанти калон, ассистент, муаллим, муаллими калон (1977-97), дотсент (1998), мудири кафедраи ботаника ва физиологияи рустанӣ (1998—2008), декани факултети фанҳои табиӣ (2008—2010) ва биологияву кимиёи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (аз 2010).

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар бораи фотосинтез, муносибати донорию аксепторӣ ва роҳҳои серҳосилгардонии навъҳои гуногуни пахтаи миёнанах пажӯҳиш анҷом додааст. Муаллифи 50 китобу мақолаи илмист.

  • Донорно-акцепторные отношения фотосинтетического аппарата и плодовых органов у разных сортов средневолокнистого хлопчатника. Д., 1997;
  • Ҳифзи табиат — нури зинда. Х., 2002; Фотосинтез, донорно-акцепторные отношения и продуктивность средневолокнистого хлопчатника. Д., 2008.

Пайвандҳои беруна

[вироиш | вироиши манбаъ]