Jump to content

Мамадҷон Маҳкамов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мамадҷон Маҳкамов
Таърихи таваллуд 7 сентябр 1951(1951-09-07) (73 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ашт, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, Маркази идораи лоиҳаи кредитии назди Вазорати маорифи Тоҷикистон
Ҷоизаҳо «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1999) ва ордени «Шараф» дараҷаи 2 (2004)

Мамадҷон Маҳкамов (тав. 07.09.1951, деҳаи Понғози ноҳияи Ашт) — риёзидон, номзади илмҳои педагогӣ (1993), дотсент (2001). «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1999) ва ордени «Шараф» дараҷаи 2 (2004)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1974 факултети механикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст. Солҳои 1974–1980 лаборанти калон ва ходими хурди илмии лабораторияи масъалавии таълими барномавии донишгоҳи мазкур, 1980–1986 муаллими кафедраи методикаи таълими математика, 1986–1989 аспиранти кафедраи номбурдаи донишкадаи омӯзгории пойтахт буд. Солҳои 1989–1994 ҳамчун муаллими калон, 1994–1997 дотсент, 1997–2000 мудири кафедраи методикаи таълими математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Ҳамзамон солҳои 1997– 2000, 2002–2006 сардори шуъбаи таълими донишгоҳи омӯзгорӣ буд. Солҳои 2000–2002 дар Маркази идораи лоиҳаи кредитии назди Вазорати маорифи Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2007 ҳамчун сардори Идораи хадамоти методии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маорифи Тоҷикистон фаъолият дорад. Оид ба ташаккулдиҳии методҳои ҷамъбасткунӣ дар ҳалли муодила ва нобаробариҳо дар курси алгебраи мактабҳои асосӣ кори илмӣ бурдааст. Муаллифи зиёда аз 80 номгӯи корҳои илмию методӣ, аз ҷумла 35 дастурҳои таълимиву методӣ, беш аз 50 мақолаву фишурдаҳои илмӣ, илмию методӣ ва илмию оммавӣ мебошад. Дар такмил, таҳия, ташхису татбиқи нақшаҳои таълимии донишгоҳҳо ва коллеҷҳои ҷумҳурӣ, стандартҳои давлатии таҳсилот ва гузаштан ба таълими бисёрзинагӣ саҳми арзанда дорад.

Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1999) ва ордени «Шараф» дараҷаи 2 (2004) сарфароз карда шудааст.

  • Роҳнамои математикаи мактабӣ (ҳаммуаллиф). Д., 1995, 2004;
  • Методҳои ҳалли муодилаҳои тригонометрӣ. Д., 1999, 2017, 2019;
  • Тарзҳои гуногуни ҳалли муодилаҳои дараҷаи 3 ва 4. Д., 2002, 2015;
  • Методҳои ҳалли муодилаҳои ратсионалӣ. Д., 2002, 2016, 2017;
  • Методҳои ҳалли муодилаҳои ирратсионалӣ. Д., 2012, 2017, 2018;
  • Математика (ҳаммуаллиф). Д., 2003;
  • Ҳалли масъалаҳо бо ёрии тартибдиҳии муодилаҳо (ҳаммуаллиф). Д., 2004;
  • Методҳои ҳалли масъалаҳои матнӣ (ҳаммуаллиф). Д., 2016;
  • Тарзҳои гуногуни табдилоти ифодаҳои тригонометрӣ (ҳаммуаллиф). Д., 2005;
  • Роҳнамои математика (ҳаммуаллиф). Д., 2009, 2011, 2012, 2014, 2016, 2017, 2018, 2019, 2020;
  • Масъалаҳои олимпиадаи математикӣ (ҳаммуаллиф). Д., 2010, 2016, 2017;
  • Ҳалли масъалаҳои математикаи синфи 6 (ҳаммуаллиф). Д., 2010, 2013, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018;
  • Математика. Ҳалли масъалаҳои синфи 5 (ҳаммуаллиф). Д., 2016, 2017, 2019;
  • 25 тарзи ҳалли муодилаҳои квадратӣ. Д., 2015, 2017;
  • Математика (ҳаммуаллиф). Д., 2016;
  • Маҳфили математикони ҷавон (ҳаммуаллиф). Д., 2018;
  • Методҳои ҳалли муодилаҳои дараҷаи олӣ. Д., 2018;
  • Таърихи математика: ҷустуҷӯи тарзҳои ҳалли муодилаҳои дараҷаи олӣ (ҳаммуаллиф). Д., 2018;
  • Асрори ададҳо (ҳаммуаллиф). Д., 2019;
  • Роҳнамои геометрия: формула ва нақшаҳо. Д., 2020;
  • Тарзҳои гуногуни ҳисобкуниҳои шифоҳӣ. Д., 2020;
  • Методҳои ҳалли системаи муодилаҳо. Д., 2020;
  • Геометрия. Ҳалли масъалаҳо (ҳаммуаллиф). Д., 2020;
  • Ҳабдаҳ муодилае, ки оламро тағйир додааст (ҳаммуаллиф). Д., 2020;
  • Методҳои ҳалли масъалаҳои математикӣ. Комплекси таълимию методӣ. Д., 2019, 2020, 2021;
  • Тригонометрия. Тарзҳои гуногуни табдилоти ифодаҳои тригонометрӣ (ҳаммуаллиф). Д., 2021;
  • Назария ва 374 амалияи ҳисобкуниҳои шифоҳӣ (ҳаммуаллиф). Д., 2021;
  • 36 тарзи ҳалли муодилаҳои квадратӣ. Д., 2021;
  • Методҳои ҳалли масъалаҳо бо татбиқи аз решаи квадратӣ баровардани ифода. Д., 2021. ва диг.