Мамнӯъгоҳи Ромит
Соли 1959 дар болооби дарёи Кофарниҳон мамнӯъгоҳи дуюми Тоҷикистон - «Ромит» бо масоҳати 16139 гектар ташкил шуд. Мамнӯъгоҳи Ромит дар худуди ноҳияи Ваҳдат ҷойгир аст.
Табиати мамнӯъгоҳ аз мавзеъҳои зебои сабзпуш иборат буда, дар байни ду шохоби пуртуғёни дарёи Кофарниҳон - Сорбою Сардаи Миёна ва пасту баландиҳо чой гирифтааст. Олами гуногуни набототу ҳайвонот, ҷамоаҳо, популятсияҳо ва намудҳои нодиру камёфт, инчунин дар ҳолати муътадил қарор доштани мавзеъҳои ҷангалзор, чаманзори зебо ва намудҳои нодири растанӣ ва ҳайвонҳо ба ҳусни мамнӯъгоҳ ҳусн зам мекунанд. Вазифаи асосии мамнӯъгоҳ дар ҳолати табиӣ нигоҳ доштани аксарияти қисмҳои табиат ва пурра кардани баъзе ҷамоаҳо, барқарор ва ҳифзи онҳо мебошад. Дар обҳои тозаю пуртуғёни мамнӯъгоҳ ширмоҳию сагмоҳӣ, гулмоҳию лаққамоҳӣ, моҳии белбинӣ, дар тахтасангҳою хокрезаҳо, сангрезаҳою хокҳои мулоиму рангоранг микдори зиёди сусмор, агамаи кӯҳӣ, сангпушту хорпушт, морҳои афъӣ, печон, кобра ва гурза, қамчинмор зиндагӣ мекунанд. Мамнӯъгоҳи «Ромит» чун мамнуъгоҳи кӯҳии ҷангалдор намудҳои зиёди паррандагон, аз ҷумла, булбул, саъба, момоҷурғотак, соч, мусича, тазарв, гунҷишки хонагӣ, кабк, кабки дарӣ, кабутар ва намудҳои зоғҳоро ба оғуши худ гирифтааст. Дар таркиби биосенози мамнӯъгоҳ зиёда аз 600-650 намуди ҳашарот, аз ҷумла, шапалакҳои нодир, эндемикӣ ҷой гирифтаанд. Бояд қайд кард, ки асоси бойигарии мамнӯъгоҳ ин мавзеъҳои зебои олами наботот ва намудҳои гуногуни онҳост. Ҷамоаҳои зиёди дарахтӣ, буттагӣ, ки дар дигар қаламрави ҷумҳурӣ кам дучор мешаванд ё тамоман вуҷуд надоранд (аз таъсири одам нобуд шудаанд) дар мамнӯъгоҳи «Ромит» муътадил сабзиш дошта, ба онҳо челонзор, фарқзор, ангатзор, беду булутзор ва албатта бодомзору чормағззор мансубанд. Ҷамоаи бодомзору чормағззор омили муҳими мавҷудияти мамнӯъгоҳ ҳисоб мешавад. Дар сатҳи муътадил дар кӯҳу кӯҳпораҳо намудҳои зиёди рустаниҳои ғизоӣ, аз ҷумла торон, чукрӣ, сунбул, зира, чойкаҳак, савсан, холмон, намудҳои гуногуни пиёз ва ғайра месабзанд. Масоҳати калони мамнӯъгоҳро то баландии 2800 м дарёву адирҳо, ҷамоаҳои туту гелос, себу биҳӣ, зардолую олуи ёбоӣ ишгол карда, инчунин рустаниҳои доруворӣ, аз ҷумла, пудина, кифгули калон, тугмагул, зардкаҳак, сапали шутур, мураккабгул, ишим, камол низ кам нестанд.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ М. Дарвозиев, И. Сафаров. Экология. Китоби дарсӣ. -Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 134-135
- [1](пайванди дастнорас)
- [2] Бойгонӣ шудааст 18 октябри 2013 сол.
- Национальные парки и природные заповедники Бойгонӣ шудааст 7 май 2013 сол.
- [3](пайванди дастнорас)
- [4] Бойгонӣ шудааст 4 марти 2016 сол.