Манзил (Хона)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Манзил (Хона) - истиқоматгоҳ, манзил, маконест, ки одамон дар он ҳаёт ба сар мебаранд.

Хона бо мурури замон аз ғор, заминкан, чайла, камар то ба биноҳои серошёнаи ҳозиразамон расид. Намудҳои хона ба шароити табиию географӣ, хусусияти муносибатҳои иҷтимоии ҷамъият, иқтисодиёт, дараҷаи ҳаёти моддию маънавӣ, анъанаҳои миллии одамон вобастаанд. Дар асри санг одамони ҷамоаи ибтидоӣ ғор, камар, заминкан, чайларо ба сифати истиқоматгоҳ истифода мебурданд. Баробари ба ҳаёти муқимӣ гузаштани одамон намудҳои хона низ тағйир ёфтанд. Аз давраи неолит сар карда одамон аз санг, лой, хишти хом, чӯб манзил месохтагӣ шудаанд.

Дар Осиёи Миёна, аз ҷумла ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон ва водии Ҳисор аз давраҳои қадим нахустин иморатҳо – биноҳои калони якхонагии ҷамъиятӣ ё якчанд биноҳо буданд, ки дар атрофи як ҳавлӣ ҷой доштанд. Шакли ҳамаи биноҳо гирда ва дар мобайн ҳатман оташдоне буд. Намунаи ин гуна бино хонаи чӯбкории козашакли маданияти Калтаманор (дар Туркманистон, ҳазораи IV то м.) буд, ки қариб 300 м2 вусъат дошт ва дар он зиёда аз 100 кас зиндагӣ мекард. Дар миёнаҷои он оташдони асосӣ ва дар атрофаш оташдонҳои хурдтари ҳар оила ҷой доштанд. Дертар аз хишти хом биноҳои истиқоматӣ бунёд мекардагӣ шуданд. Девори даруни онҳоро бо рангҳои сурх, сиёҳу зард зинат дода, бар он нақшҳои ҳандасӣ сабт менамуданд. Ҳаёти муқимии зироаткорон ба сохти манзил таъсир расонд. Азбаски гили зард фаровон буд, масолеҳи асосии бинокорӣ хишти хому похса гардид. хонаи намуди қадимтарин аз як ҳуҷраи росткунҷа иборат буд. Дари даромад дар як кунҷи девори пеш ҷойгир буд. Равшанӣ аз сӯрохии болои дар (равзан) вориди ҳуҷра мегардид. Дар қисми поёнии он даҳлез буд. Дар даҳлез обрез, оташдон ва мӯрӣ ҷойгир мешуданд. Дар мобайни девори бари пешгаҳ барои сандуқу кӯрпаҳо таҳмон месохтанд. Дертар тарҳи хона тағйир ёфт. Акнун ҳуҷраро аз даҳлез бо девори махсус ҷудо мекарданд. Хонаҳо бо кандакории рӯйи чӯб, гач, наққошӣ оро дода мешуданд.

Дар охири асри XIX ва асри XX асосан ду хели хона.- манзили тоҷикони водинишин ва тоҷикони кӯҳистон вуҷуд доштаанд. Онҳо аз рӯйи сохташон фарқ мекарданд. Ҳавлии тоҷикони қисми ғарбии Фарғона, Ӯротеппа, Самарқанд, Бухоро, Ҳисор, Қаратоқ асосан аз ду қисм - берун ва дарун иборат буд. Дар ҳавлии берун дарвозахона, меҳмонхона, дукон ҷой мегирифт. Одатан девори биноҳоро дар болои таҳкурсии сангию таҳсинҷ аз хишту похса мебардоштанд. Дар як қатор маҳалҳо барои мустаҳкам шудани иморат дар қабати девор синҷ мегузоштанд. Аз болои девор пешу ақиб болосинҷ партофта сипас болорҳоро кӯндаланг мехобониданд. Миқдори болорҳо маъмулан тоқ (ҳафтболорӣ, нуҳболорӣ) мешуд. Баъд васса чида болояшро бо бӯрёю алаф ё най пӯшонида лойи ғафс (ғӯрӯба) мехобониданд. Сипас бо коҳгил андова менамуданд. Хонаҳои тоҷикони водии Ҳисор аз хонаҳои тоҷикони ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон каме фарқ мекарданд. Онҳо ду хел буданд: бинои дуҳуҷрагии дар мобайн долондор ва одии якҳуҷрадор. Ҳар дуи онҳо пешайвон доштанд. Деворро аксаран аз похса мебардоштанд. Дар мобайни ҳуҷра чаҳдон буд, ки дар он оташ меафрӯхтанд. Дуд аз сӯрохии сақфи хона (мӯрӣ) берун мерафт. Дар деҳоти алоҳида (масалан дар деҳаи Тӯтака) бо усули синҷбандӣ ва бо лӯлаҳои лой пур кардани байни чӯбҳо девори хона бунёд карда мешуд.

Дар кӯҳистони Тоҷикистон се намуди хона маъмул буд.

Намуди аввал дар болооби дарёи Зарафшон дучор меомад. Дар қисми болооби Зарафшон хонаҳои якҳуҷрадор, дар поёноб истиқоматгоҳи дуҳуҷрагӣ ва бисёрҳуҷрагии дар мобайнаш айвондор ривоҷ ёфтаанд. Бисёрии хонаҳо меҳмонхона доштанд. Сутуну дари онҳо кандакорӣ мешудаанд.

Намуди дуюми хона дар ҳудуди Қаротегину Вахё дучор меояд. Хона дар ин ҷо мураббаъшакл буда, дар мобайнаш аз дарун барои нигоҳ доштани бом сутун дошт. Қариб тамоми фарши ҳуҷраро ба ҷуз масоҳати хурди назди дар тақр. 1 м баланд бардошта бо гил меандуданд ва он ҷо дукон ва оташдон месохтанд. Дуд аз дар ё сӯрохии сақф (рӯзан) берун мерафт.

Намуди сеюми хона дар кӯҳистони Бадахшон паҳн шуда буд. Хонаҳои ин ҷо аз се қисм – чид (ҳуҷра), дарундализд (даҳлез) ва пехвоз (айвон) иборат буд. Ба сабаби сахтии иқлим ҳар се қисми хона ба як бом пӯшида мешуд, ки дар натиҷа вусъати он то ба 100 м2 мерасид. Боми чид ба панҷ сутуни мустаҳкам такя мекард. Гирдогирди чид суфа бардошта, пеши онҳоро андак чуқур мемонданд, ки он пойгаҳ мешуд. Дар як тарафи чид кисор месохтанд ва онро чун оташдону танӯр истифода мебурданд. Боми чид аввал бо ду тир, ки синҷи сақф буд, пӯшида шуда болои тирро бо сипохч (болорҳо) мебастанд, болои сипохч каландак (васса) мегузоштанд. Болои сипохч палоч (гули қимич) рехта, баъд онро бо хок ё гилмола мустаҳкам мекарданд. Дар мобайни сақфи чид рӯзан мемонданд.

Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ ва махсусан дар даврони истиқлол маданияти моддӣ, аз ҷумла хона ҳои тоҷикон тағйир ёфт. Ҳоло ҷойи биноҳои тангу тираро иморатҳои дорои дару тирезаи замонавӣ, фаршу шифти тахтагини бомаш шиферпӯш гирифтаанд. Дар работҳои марказӣ ва шаҳру шаҳракҳо биноҳои замонавии як ё якчанд ошёнадор бунёд мегарданд. Дар замони истиқлол табақаи доро хонаҳои бисёрошёнаи хуштарҳу зебо бунёд кардаанд, ки аксари онҳо бо хишти пухтаанд ва аз ҷиҳати обу ташноб ба талаботи замона мувофиқанд..[1]

Адабиёт[вироиш]

  • Народы Средней Азии и Казахстана, т.. - М., 1962;
  • Таджики Каратегина и Дарвоза, в. 11. - Душанбе, 1970.

Пайнавиштҳо[вироиш]

  1. Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 592-503