Манижа Расулзода
Манижа Расулзода | |
|---|---|
| Расулзода Манижа Ҳамрохон | |
| Таърихи таваллуд | 5 декабри 1979 (46 сол) |
| Зодгоҳ | Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
| Шаҳрвандӣ |
|
| Навъи фаъолият | Вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Таҳсилот | Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон | |
Манижа Расулзода (Расулзода Манижа Ҳамрохон, тав.5 декабри соли 1979, ш. Кӯлоб, вилояти Хатлон, ҶШС Тоҷикистон ) — арбоби давлатӣ, тоҷик, Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Расулзода Манижа Ҳамрохон 5 декабри соли 1979 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар оилаи хизматчии давлатӣ таваллуд шудааст. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ, магистратураи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ (дипломи аъло) ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2006 оғоз намуда дар вазифаҳои сармутахассиси шуъбаи компютерӣ ва чопи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон (2006-2010), сармутахассиси шуъбаи ташкилии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон (2010-2012), муовини мудири шуъбаи ташкилии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон (2012-2021), аз моҳи январи соли 2021 мудири шуъбаи ташкилии Раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарламентӣ, ташрифотӣ ва ташкили кори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва аз 7 феврали соли 2024 ба ҳайси муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда истодааст. Аз апрели соли 2020 — вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI-ум мебошад.[1]
Мукофот
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2021 рутбаи тахассусӣ - «Мушовири давлатии дараҷаи 3» дода шудааст. Рутбаи дараҷавӣ - «Ҳуқуқшиноси дараҷаи 1» мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Расулзода Манижа Ҳамрохон(тоҷ.). www.parlament.tj/. 19 марти 2025 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июни 2023.