Мансур Усмонзода
Мансур Усмонзода | |
|---|---|
| Усмонзода Мансур Салом | |
| Таърихи таваллуд | 26 феврали 1961 (65 сол) |
| Зодгоҳ | Исфара, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
| Шаҳрвандӣ |
|
| Навъи фаъолият | Вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Таҳсилот | Донишкадаи обёрикунонӣ ва механиконии хоҷагии қишлоқи шаҳри Тошкент (1983) |
| Ҳизби аграрии Тоҷикистон | |
Мансур Усмонзода (Усмонзода Мансур Салом, тав. 26 феврали соли 1961, шаҳри Исфара, ҶШС Тоҷикистон ) — арбоби давлатӣ, тоҷик, вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Мансур Усмонзода 26 феврали соли 1961 дар деҳаи Чорқишлоқи ҷамоати деҳоти Шаҳраки шаҳри Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи хизматчии давлатӣ таваллуд шудааст. Солҳои 1978 – 1983 Донишкадаи обёрикунонӣ ва механиконии хоҷагии қишлоқи шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистонро бо ихтисоси муҳандис - заминсоз хатм намудааст. Аз 2 декабри соли 1983 то соли 1984 дар вазифаи муҳандис оид ба масъалаҳои обу коррези колхози ба номи Ленини шаҳри Исфара фаъолияти меҳнатӣ анҷом додааст. Шурӯъ аз соли 1984 то соли 1990 дар вазифаҳои мутахассис, сардори шӯъбаи ташкилӣ ва котиби озоди кумитаи комсомоли колхози ба номи Ленини шаҳри Исфара ифои хизмат намудааст. Аз соли 1990 то соли 1999 дар вазифаҳои агрономи соҳавӣ, муҳандис оид ба масълаҳои обу коррези ва сармутахассис оид ба масълаҳои обу замини колхози ба номи Ленини шаҳри Исфара фаъолият намудааст. Давоми солҳои 1999 то 2014 дар вазифаҳои мутахассис, муҳандис - заминсози ҷамоати деҳоти Шаҳраки шаҳри Исфараи вилояти Суғд адои хизмат намудааст. Номбурда соли 2004 соҳиби рутбаи тахассусӣ, референти хизмати давлатӣ дараҷаи 2–юм ва соли 2006 сазовори рутбаи навбатии тахассусӣ референти хизмати давлатӣ дараҷаи 1–ум гардидааст. Аз соли 2010 то соли 2015 давоми 5 сол вакили ҷамоати деҳоти Шаҳраки шаҳри Исфараи вилояти Суғд интихоб шудааст. Давоми солҳои 2014 ва 2015 ҳамчунин фаъолияти соҳибкории инфиродиро низ пеш бурдааст. Аз соли 2016 то соли 2020 дар вазифаҳои бақайдгиранда, сардори шӯъбаи заминсозӣ, мутахассис – ташхисгар ва сармутахассис - эксперти КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”–и шаҳри Исфара фаъолият намудааст. Шурӯъ аз соли 2005 то ин ҷониб дар вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд фаъолияти ҷамъиятӣ менамоянд.
Аз 1 марти соли 2020 то 1 марти соли 2025 вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Усмонзода Мансур Салом(тоҷ.). www.parlament.tj/. 21 марти 2025 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 июни 2023.