Манучеҳр Оташӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Манучеҳр Оташӣ
Manouchehr Atashi.jpg
Санаи таваллуд:

1931(1931)

Зодгоҳ:

Бушаҳр

Санаи марг:

20 ноябр 2005(2005-11-20) (74 сол)

Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ:

Эрон

Навъи фаъолият:

шоир

Забони осор:

порсӣ

Манучеҳр Оташӣ аз шоирон ва мутарчимони муосири Эрон ба шумор меравад.

Зиндагинома[вироиш]

Манучеҳр Оташӣ дар соли 1931 дар яке аз тавобеи шаҳристони Бушаҳр (дар ҷануби Эрон) ба дунё омадааст. Давраи дабистон ва дабиристонро дар ин шаҳр ба тамом расонд ва сипас барои идомаи таҳсил ба Шероз ва пас ба Теҳрон рафт ва дар риштаи забони англисию улуми тарбиятӣ фориғултаҳсил шуд ва дар дабиристонҳои Теҳрону Қазвин ба тадрис пардохт ва дар солҳои поёнии муаллимии худ ба Созмони садову симо роҳ ёфта, дар интишороти он созмон ба кори вересторӣ машғул шуд ва дар соли 1980 баъд аз фароғат аз кори давлатӣ ба Ӣушаҳр баргашт, аммо тӯле накашид, ки боз ба Теҳрон рафт, то саранҷом дар соли 2005 дар Теҳрон аз олам чашм пӯшид. Оташӣ дар шеъри классикӣ, бавижа ғазал, устод буд ва дар шеъри нимоӣ низ яке аз қуллаҳои рафеи шеъри нимоист ва дар ҳар ду заминаи модерну навгаро ӯ ҳадафманд буд ва ашъораш саршор аз навовариҳо ва халлоқиятҳост. Ӯ дар ғазал "Сурно" тахаллус дошт. Сурно сардори эронӣ буд, ки Кросуро шикаст дод. Оташӣ худ дар бораи шеърҳояш мегӯяд: ҳаргиз ҳаёҳубарангез набудаам, на дубора мутаваллид шудаам ва на ба ирфони хок рӯй овардаам. Як бор мутаваллид шудаам, сареъ роҳамро кӯбидаам ва сода ва бериё вуҷуди зимухтамро эълом кардаам. На ошиқи ошиқ будаам, то шеърҳои сӯзнок бисароям ва ҷавонҳоро хуш ояд, на сиёсии сиёсӣ будаам, то дар зумраинаҷотдиҳандагони табақаи коргар аламам кунанд ва натуралисти бистаргарову ҷануби шаҳрӣ, то дилсӯзиҳои дурӯғинро барангезам; фақат шоир будаам, шоире тунду талху андаке навмеди рустоии софу содиқи шаҳришуда. Ман, мумкин аст, барои замони кӯтоҳе фиреби одилони дурӯғин хӯрда бошам, аммо ҳаргиз беадолатиро ҷойгузини адолат накардаам". Оташӣ дар бораи шеъри наву куҳан бар ин бовар буд, ки "шеъри воқеӣ ҳамеша нав аст, шеъри куҳна вуҷуд надорад, танҳо забони шоир аст, ки фарсудагипазир аст". Оташӣ дар мавриди рисолати шоир мегӯяд: шоири имрӯз то аз сарчашмаи фаёзи фарҳанги мардум ва захираҳои таърихиву афсонаҳои бумӣ ва корбурдҳои забони хеш сероб нагардад ва бавижа, то аз тариқи ягонагии амалӣ бо мардуму суннатҳо ва ниёзҳову идеалҳои зиндагиашон дарк ва шинохти амиқу содиқонаи мардуми худ тавфиқ наёяд, калиди рамзи шоириро ба даст нахоҳад овард. Дар мавриди шеърҳои Оташӣ аммо бояд гуфт: дарунмоя ва паёми шеъраш асил ва дилрабост ва тозагӣ ва асолати шеърҳои ӯ бархоста аз озмунҳо ва таҷрибаҳои худи ӯст, ки ба онҳо вафодор мемонад. Шеъри ӯ зимни ин ки рангу бӯи сарзаминаш (ҷануб) -ро медиҳад, аммо паёмҳои инсонӣ ва гуманистии ӯ фарози маонӣ ва фаромаконӣ аст. Дар ҳақиқат Оташӣ бо таваҷҷӯҳ ба мутолиоти амиқе, ки дар заминаи адабиёти классику навини Эрон ва ҷаҳон дошт ва ашъору румонҳои ғарбӣ ва шаруиро ба диққат мутолиа мекард, аз ин нерӯи шеърҳояш тақлиду такрор аз гузашта набуд, балки ӯ шоире буд, ки бо ҷасорату мантиқе қавӣ рӯ ба шеъру шоирӣ овард ва аз ин рӯ буд бар хилофи аксари шуарои номдоре, ки аввалин китобашон мутавассит ё ҳатто заиф буд, аввалин китоби Оташӣ, яъне "Оҳанги дигар", ҷомеаи шеърӣ ва адабии Эронро такон дод ва ӯ бо чопи аввалин китобаш ҳузури муассири шоирии худро ба сабт расорд (1960). Рӯи ҳам рафта, Оташӣ шоире мардумӣ буд ва ашъораш дар ростои бедории афкору азҳони ҷомеа буд ва шеърҳояш ранги ҳамоса дорад ва нигарише нав ба зоту ҳастӣ. Ашъораш лабрез аз таровату тозагӣ, омезае аз тағаззул ва ҳамоса. Шеърҳои ба чандин забони зиндаи дунёӣ аз ҷумла инглисӣ, фаронсавӣ, ҳоландӣ, шведӣ, олмонӣ тарҷума шудааст ва яке аз шуароест, ки ба мартабаи "Чеҳраи мондагори шеъри форсӣ" аз тарафи Кумитаи шеър (Ҷумҳурии Исломии Эрон) баргузида шудааст. Зимнан Оташӣ бино ба даъвати кишварҳои Инглис, Амрико, Фаронса, Олмон, Шветсия, Ҳоландия ӣарои суханронӣ ва шеърхонӣ даъват шудааст.

Осор[вироиш]

"Оҳанги дигар", "Овози хок", "Дидор дар фалак", "Ӣар интиҳои оғоз", Васфи гули сарӣ", "Ҳодиса дар бомдод", "Гандум ва гелос", "Иттифоқи охир", "Зеботар аз шакли қадими ҷаҳон", "Ғазал, ғазалҳои Сурно", "Борони барги завқ", "Девони комили ашъор", "Гузинаи ашъор", "Чӣ талх аст ин себ".

Тарҷумаҳо[вироиш]

романи "Фунтуморо", "Саргузашти кишвари кучак", тарҷумаи манзумаи "Ленин" - асари Маяковский ва садҳо мақола дар мавриди шеъру адабиёт.

Намунаи ашъор[вироиш]

Андӯҳ

Андӯҳатро бо ман қисмат кун,
Шодиятро бо хок
Ва ғуруратро бо ҷӯе наҳифе, ки миёни сангистон
Мисли гунҷишке, ки пар мезанаду мегузарад.
Асби лухти ғафлат дар мартаи андешаи мо бедор аст.
Бо шутурҳои сафеди сабр дар вожаҳои танҳоӣ
Метавонем ба соҳил бирасем.
В-аз он ҷо ногаҳон
Бо ҳазорон қоиқ
Бар ҷазираҳои бурунҷастаи марҷон
Ҳамлавар гардем. Ту ғаматро бо ман қисмат кун,
Алафи сабзи чашмонатро бо хок,
То мидоди ман
Бар синаи сапеди коғаз
Боғе аз шеър барангезад.
То аз ин вартаи беимонӣ
Бешае анбӯҳ аз ханҷар бархезад.

Манобеъ[вироиш]

• Алиасғари Шеърдӯст. Шеъри муосири Эрон. Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон. Душанбе – 2012. Саҳ -208 • • •