Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Маншури олимпӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Эмблема ва КБО

Маншури олимпӣ ё Оинномаи олимпӣ— ҳуҷҷатест, ки дар он принсипҳои асосии олимпизм ва қоидаҳои қабулнамудаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) баён шудаанд[1].

Маншури олимпӣ се вазифаро иҷро мекунад:

  • ҳуҷҷати дорои хусусияти конститутсионӣ, ки принсипҳо ва арзишҳои олимпизмро муайян мекунад;
  • оинномаи КБО;
  • санад оид ба тақсими масъулиятҳо миёни Кумитаи байналмилалии олимпӣ, федератсияҳои байналмилалӣ, кумитаҳои миллии олимпӣ ва кумитаҳои тадорукотии Бозиҳои олимпӣ.
Пйер де Кубертен

Мафҳуми олимпизми муосир ба Пйер де Кубертен тааллуқ дорад. Бо ташаббуси ӯ моҳи июни соли 1894 дар Париж конгресси байналмилалии атлетикӣ баргузор гардид. 23 июни соли 1894 Кумитаи байналмилалии олимпӣ таъсис ёфт. Аввалин Бозиҳои олимпии муосир соли 1896 дар Афина (Юнон) баргузор шуданд.

Соли 1914 дар конгресси олимпӣ дар Париж Парчами олимпӣ тасдиқ гардид, ки онро Пьер де Кубертен пешниҳод карда буд. Дар парчам панҷ ҳалқаи ба ҳам пайваст тасвир шудаанд, ки рамзи ваҳдати панҷ қитъа ва мулоқоти варзишгарони ҷаҳон дар Бозиҳои олимпӣ мебошанд. Аввалин Бозиҳои олимпии зимистона соли 1924 дар Шамони (Фаронса) баргузор шуданд.

Принсипҳои асосии олимпизм

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Олимпизм фалсафаи зиндагист, ки арзишҳои ҷисм, ирода ва зеҳнро ба таври мутавозин муттаҳид мекунад. Он варзишро бо фарҳанг ва маориф пайваста, тарзи ҳаёти бар асоси шодии кӯшиш, намунаи нек, масъулияти иҷтимоӣ ва эҳтиром ба принсипҳои умумии ахлоқӣ ташаккул медиҳад.
  • Ҳадафи олимпизм гузоштани варзиш дар хидмати рушди ҳамоҳанги инсоният ва мусоидат ба ҷомеаи осоишта аст, ки шаъну шарафи инсонро эҳтиром мекунад.
  • Ҳаракати олимпӣ фаъолияти ҳамоҳанг, умумиҷаҳонӣ ва доимии шахсону созмонҳоест, ки аз арзишҳои олимпизм илҳом гирифта, таҳти роҳбарии КБО амал мекунанд. Қуллаи он муттаҳид шудани варзишгарони ҷаҳон дар Бозиҳои олимпӣ мебошад. Рамзи он — панҷ ҳалқаи ба ҳам пайваст.
  • Машғул шудан ба варзиш яке аз ҳуқуқҳои инсон аст. Ҳар кас бояд имкони машғул шудан ба варзишро бидуни табъиз дошта бошад, дар рӯҳияи дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва бозии одилона.
  • Бо дарназардошти он ки варзиш дар доираи ҷомеа фаъолият мекунад, созмонҳои варзишӣ бояд бетарафии сиёсиро риоя намоянд. Онҳо ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ташкилоти мустақилро доранд, аз ҷумла қабули қоидаҳои варзишӣ ва назорат бар онҳо, муайян кардани сохтор ва идоракунӣ, баргузор кардани интихоботи озод аз таъсири беруна ва таъмини идоракунии поквиҷдонона.
  • Иҷрои ҳуқуқу озодиҳое, ки дар Оинномаи олимпӣ пешбинӣ шудаанд, бояд бидуни ҳар гуна табъиз (аз рӯйи нажод, забон, дин, сиёсат, ранги пӯст, ҷинс, тамоюли ҷинсӣ, ақида, пайдоиши миллӣ ё иҷтимоӣ, моликият, таваллуд ё дигар мақом) таъмин карда шавад.
  • Узвият дар ҳаракати олимпӣ риояи Оинномаи олимпӣ ва эътирофи КБО-ро талаб мекунад.

Забонҳои расмии маншур фаронсавӣ ва англисӣ мебошанд. Маншури олимпӣ (дар таҳрири 15 сентябри 2017) аз шаш боб ва 61 модда иборат аст.

Бобҳои Маншур:

  1. Ҳаракати олимпӣ.
  2. Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО).
  3. Федератсияҳои байналмилалӣ (ФБ).
  4. Кумитаҳои миллии олимпӣ (КМО).
  5. Бозиҳои олимпӣ.
  6. Тадбирҳо ва таҳримҳо, расмиёти интизомӣ ва ҳалли баҳсҳо.

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳои беруна

[вироиш | вироиши манбаъ]