Маориф ва маданият

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Маориф ва Маданият - рӯзномаи (газета) шуъбаи маориф ва Вазорати маданияти Тоҷикистон аз 20 июли 1936 бо унвони «Барои маорифи коммунистӣ» нашр мешуд. Аз 7 ноябри 1938 «Газетаи муаллимон» ном гирифт. Солҳои Ҷанги бузурги Ватанӣ чопи он муваққатан қатъ гардид. Аз 2 апрели 1959 унвони «Маориф ва Маданият»- ро гирифт ва ҳафтае 3 бор чоп мешуд. Маориф ва маданият барои муаллимону олимони соҳаҳои гуногуни илму Фан, ходимони маорифу маданият ва санъаткорон пешбинӣ шуда буд. Газета дар саҳифаҳои худ масъалаҳои гуногуни таълиму тарбия, адабиёту санъат, ҳаёту фаъолияти муаллимону санъаткоронро инъикос намуда, оид ба таҷрибаи пешқадами муаллимон ва ходимони маорифу маданият мақолаҳо чоп мекард. 1 январи 1981 дар асоси «Маориф ва Маданият» рӯзномаҳои «Маданияти Тоҷикистон» дертар «Адабиёт ва санъат» ва «Газетаи муаллимон» таъсис ёфт.