Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Мария Корелли

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мария Корелли
англ. Mary Mackay
Тахаллусҳо Mary Corelli[1]
Таваллуд 1 май 1855(1855-05-01)[2][3][4][…]
Даргузашт 21 апрел 1924(1924-04-21)[5][6] (68 сол)
Шаҳрвандӣ (табаият)
Навъи фаъолият нависанда, шоир, румоннавис
Забони осор инглисӣ[2][7]
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард

Мария Корелли (итол. Maria Corelli, номи аслиаш Мэри Маккей (англ. Mary Mackay); 1 май 1855[2][3][4][…], Лондон21 апрел 1924[5][6], Стратфорд-апон-Эйвон[d], Уорикшир) — нависандаи англис. Ӯ ба Итолиё шавқу рағбати зиёд дошт, аз ин рӯ тахаллуси хушоҳанги итолиёвии «Корелли»-ро барои худ интихоб кард.

Зиндагинома ва эҷод

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мария Корелли дар оилаи шоири шотландӣ Чарлз Маккей ба дунё омадааст.

Аввалин китоби Корелли «Романи ду ҷаҳон» (англ. «A Romance of Two Worlds», 1886) муваффақияти калон пайдо кард. Пас аз он асарҳои «Вендетта» (1886), «Телма» (1887), «Варавва» (англ. «Barabbas», 1893) ва «Андӯҳи Шайтон» (англ. «The sorrows of Satan», 1895) нашр шуданд. Асари охирин аз ҷониби Дэвид Гриффит ва Карл Дрейер экранӣ карда шудааст.

Насри Мария Корелли бо мафҳумҳои оккултӣ: ҳипноз, таносух (гузариши рӯҳҳо), ҷисмҳои астралӣ ва ғайра саршор аст[8]. Романҳои Корелли ба завқи шумораи зиёди хонандагони оддӣ мувофиқ омаданд. Дар солҳои 1890-ум китобҳои ӯ нисбат ба тамоми асарҳои Редярд Киплинг, Конан Дойл ва Ҳерберт Уэллс, ки якҷоя ҷамъ шудаанд, бо теъдоди бештар ба фурӯш мерафтанд[9].

Бо вуҷуди ин, асарҳои нависанда барои соддагии образҳо, муколамаҳои заиф ва тӯлони будани сужа мавриди интиқод қарор мегирифтанд. Мунаққидони ҷиддии англис нисбат ба Корелли назари манфӣ доштанд ва нависанда бо онҳо муборизаи шадид мебурд.

Солҳои охири ҳаёти худро Корелли дар Стратфорд-дар-Эйвон гузаронида, дар он ҷо қувва ва маблағи зиёдеро барои барқарор кардани симои таърихии шаҳр, ки дар замони Шекспир дошт, сарф кард. Дар хонаи Корелли дар Стратфорд ҳоло Институти Шекспир ҷойгир аст.

Корелли дар эҷоди афсона дар бораи «лаънати фиръавнҳо» саҳми калон гузоштааст. Дар аввали апрели соли 1923 ӯ огоҳиномае нашр кард, ки дар он гуфта мешуд: «ҷазои сахттарин меҳмони нохондаеро, ки ба мақбара ворид мешавад, интизор аст». Чанд рӯз пас аз ин нашр, лорд Карнарвон вафот кард. Мақолаи ӯ аз ҷониби рӯзномаҳо истифода шуд ва ба шарофати таваҷҷуҳ ба кашфи мақбараи Тутанхамон, падидаи «лаънати фиръавнҳо» ба як мавзуи машҳури расонаӣ табдил ёфт.

Филми «Фаришта» (2007), ки аз ҷониби коргардони фаронсавӣ Франсуа Озон ба навор гирифта шудааст, адаптатсияи китоби ҳамноми Элизабет Тейлор дар бораи нависандаи ошиқ мебошад, ки дар он образи Мария Корелли дар назар дошта шудааст.