Jump to content

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҷдиди низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ (МТТОК)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2008 Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” таъсис дода шуд, ки тибқи оиннома фаъолияти он ба ташкилу баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба МТТОК равона гардидааст. Дар робита бо масъалаи ҷорӣ намудани ИМД ба МТТОК 28 июли соли 2011 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ созашномаи лоиҳаи гранти “Барномаи ҳамкории рушди таҳсилоти Федератсияи Россия (READ) марҳалаи 2-юм» ба имзо расид, ки онро Марказ то 31 октябри соли 2014 амалӣ намуд. Мақсади лоиҳа таҳкими иқтидори кадрии Марказ ва ташкили фаъолияти он баҳри амалӣ намудани низоми ИМД ба МТТОК буд. Дар доираи татбиқи лоиҳа бахшҳои таҳкими равандҳои институтсионалии Марказ, тақвияти неруи кадрии Марказ ва муҷаҳҳазгардонии Марказ амалӣ гардид. Бо назардошти нақшу аҳамияти баланд доштани ин имтиҳонҳо дар соҳаи илму маориф муассисаи мазкур таҷдиди сохтор ва тағйири тобеияти идорӣ карда, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10 феврали соли 2014, № 138 дар заминаи он Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММТНПҶТ) таъсис дода шуд. Аз соли 2015, дар баробари МТТОК (донишгоҳу донишкадаҳо), муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) ба низоми ИМД ворид карда шуд, қабули донишҷӯён ба ин муассисаҳо тавассути низоми мазкур амалӣ карда мешавад. Ғайр аз ин, тибқи оиннома вазифаи дигари Марказ ташкили мониторниг ва арзёбии сифати таҳсилот ва иштирок дар барномаҳои байналмилалии арзёбии дониши хонандагон аст. Дар ин самт низ Марказ ҳамасола як қатор корҳоро ба анҷом мерасонад, ки ин барои амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои оинномавии Марказ заминаи мусоидро фароҳам меорад.

Мақсадҳои асосии оинномавии ММТ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Таъмини арзёбии объективӣ, шаффоф ва одилонаи дониши довталабон, баробарҳуқуқии онҳо барои дарёфти таҳсилоти миёнаю олии касбӣ;гузаронидани пажӯҳишҳо ва арзёбии сатҳи дониши хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ тавассути тестгузаронӣ.

Вазифаҳои асосии оинномавии ММТ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (МТТМОК ҶТ); тақсимоти довталабон ба МТТМОК ҶТ дар асоси натиҷаҳои имтиҳонҳо; ташкили мониторинг ва арзёбии сифати таҳсилот ва иштирок дар барномаҳои байналмилалии арзёбии дониши хонандагон.

Самтҳои асосии фаъолияти ММТ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Таъмини дастрасии иттилоот ба ҷомеа оид ба низоми ИМД ба МТТМОК ҶТ; таҳияи барномаҳои имтиҳони фанҳо; таҳияи саволномаҳои тестӣ, озмоиши он дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ; ташкили нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳон дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; бақайдгирии довталабон ва гузаронидани ИМД; ҷалб намудани сохторҳои дахлдори давлатӣ барои таъмини бехатарӣ, саломатӣ ва тартиби ҷамъиятӣ дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳон; тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ.[1]

Дар бораи ММТ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои сеошёна дар ш. Душанбе, ки аз ду қисмат иборат аст, бо харҷи беш аз 8 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағҳои грантии Бонки ҷаҳонӣ бунёд ёфта, бо навтарин техникаю таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Бино 20.12.2013 ба истифода дода шудааст.
  • Бо мақсади таъмини бехатарӣ вобаста ба ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воридшавӣ ба бинои ММТ тариқи корти пластикӣ ба роҳ монда шудааст. Дар тамоми ҳуҷраҳо ва роҳравҳои асосӣ 74 камера насб карда шудааст, ки тавассути онҳо тамоми раванди фаъолияти ММТ таҳти назорат қарор дода мешавад.
  • Сохтори ММТ аз раёсат, 11 шуъба, 1 бахш ва 4 шуъбаи минтақавӣ (дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Хоруғ) иборат аст.
  • Тибқи қоидаҳои низоми нав ҳар як товталаб ҳангоми аз қайд гузаштан метавонад 10 ихтисоси ба ҳам наздик ё 10 ихтисоси соҳаҳои ба ҳам наздикро дар муассисаҳои гуногуни таҳсилоти олии касбӣ интихоб кунад.
  • Маводи имтиҳонӣ, аз ҷумла саволномаҳо дар ММТ таҳия гардида, дар ҳамин ҷо чоп мешаванд ва дар халтаҳо ва сандуқҳои махсуси бо пломбаи истифодаи яккарата баста, бо мошинҳои махсуси муҳофизатшаванда ба марказҳои имтиҳонӣ дастрас мегарданд.
  • Ҷавоби натиҷаи имтиҳонҳо ба довталабон тавассути сомонаи интернетии ММТ, марказҳои минтақавии он ва ба суроғаҳои шахсии довталаб тавассути почтаи электронӣ, паёмаки SMS ва дигар воситаҳо расонда мешавад.[2]

Пайвандҳо ва саҳифаҳои иҷтимоии Марказ

[вироиш | вироиши манбаъ]