Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Маркази ҳунарҳои намоишӣ ба номи Ҷон Ф. Кеннедӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Маркази ёдгории ҳунарҳои намоишӣ ба номи Ҷон Ф. Кеннедӣ (англ. John F. Kennedy Memorial Center for the Performing Arts) ки бо номи Маркази Кеннедӣ (англ. Kennedy Center) ― низ маъруф аст, як муассисаи бузурги фарҳангӣ мебошад, ки дар соҳили дарёи Потомак дар шаҳри Вашингтон ҷойгир аст. Марказ 8 сентябри соли 1971 ба хотири президенти 35-уми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷон Ф. Кеннедӣ ифтитоҳ шудааст[1].

Бинои марказ аз ҷониби меъмор Эдвард Дюрелл Стоун тарҳрезӣ шудааст ва аз се толори асосӣ иборат аст: толори консертӣ (бо 2442 ҷой), театри опера (тақрибан 2300 ҷой) ва театри ба номи Дуайт Эйзенҳауэр (бо 1163 ҷой). Андозаҳои ибтидоии бино 190 метр дарозӣ, 91 метр паҳноӣ ва 30 метр баландӣ буданд. Соли 2019 маҷмаа васеъ карда шуд[1].

Дар маркази Кеннедӣ ниҳодҳои монанди Оркестри миллии симфонии ИМА, Институти синамои Амрико, Хори Вашингтон, Операи миллӣ ва Ҷамъияти ҳунарҳои иҷроӣ фаъолият доранд.

  1. 1 2 U.S. capital seeks to build culture center, Lewiston Morning Tribune (21 октябри 1962), стр. 2.
  • kennedy-center.org — вебгоҳи расмии Маркази ҳунарҳои намоишӣ ба номи Ҷон Ф. Кеннедӣ

Шаблон:Ҷон Кеннедӣ Шаблон:Дуайт Эйзенҳауэр