Марказҳои динӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маcҷиди Ҳоҷӣ Яъқуб шаҳри Душанбе
Маркази исмоилӣ, шаҳри Душанбе

Марказҳои динӣ — дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи динӣ буда, бо мақсади қонеъ гардондани эҳтиёҷоти динии шаҳрвандон ва қонеъ намудани эҳтиёҷоти динй таъсис гардида, мувофиқи сохтори худ амал мекунад, кормандони худро мувофиқи оинномаҳояшон (низомномаҳояшон) хоста мегиранд, таъйину иваз менамоянд. Онҳо иттиҳодияҳои диниро намояндагӣ мекунанд ва аз ин хусус ба мақоми давлатӣ оид ба дин ва мақомоти давлатии маҳаллӣ хабар медиҳанд. Марказҳои динӣ дар ҶТ мустақиланд. Онҳо метавонанд дар таъсис ва фаъолияти ташкилотҳои динии байналхалқӣ иштирок намоянд (моддаҳои 7 ва 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дин ва ташкилотҳои динй» аз 1 декабри соли 1994).[1]

Дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе чунин марказҳо фаъолият доранд:

  • Маркази исломӣ (суннӣ-ҳанафӣ), дар Маcҷиди Ҳоҷӣ Яъқуб
  • Маркази исмоилӣ,
  • Маркази масеҳии мазҳаби православӣ – (русӣ: Свято-Николский собор),
  • Маркази масеҳии адвентистҳо (русӣ: Кирха адвентистов седьмого дня),
  • Маркази масеҳии (русӣ: Костёл Святого Йозефа)
  • Маркази яҳудиён (русӣ: Синагога) фаъолият доранд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 278