Марк Эллиот Тсукерберг

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи


Марк Эллиот Цукерберг
Mark Elliot Zuckerberg
Mark Zuckerberg at the 37th G8 Summit in Deauville 018 v1.jpg
Зодрӯз 14 майи соли 1984
Зодгоҳ Уайт Плейнз, Ню Йорк, ИМА
Вазифа мудири Фейсбук

Марк Эллиот Цукерберг (аз англисӣ: Mark Elliot Zuckerberg бо талаффузи инглисӣ За́керберг 14 майи соли 1984 - яҳудӣ, барномасозӣ америкоӣ ва соҳибкор дар соҳаи технологияҳои интернетӣ, миллиардер, яке аз ихтироъкорон ва муассиси вебгоҳи шабакаи иҷтимоии онлайн Фейсбук англисӣ: Facebook дар Амрико аст. Роҳбари ширкати Facebook Inc. Маҷаллаи "Таймз" ӯро ба унвони Шахсияти соли 2010 интихоб кардааст.

Зиндагинома[вироиш]

Марк Эллиот Цукерберг 14 майи соли 1984 дар Уайт Плейнз, Ню Йорк, ИМА дар оилаи ящудь ба дунё омадааст. Падараш — пизишки дандон (стоматолог) Эдвард Тсукерберг. Модараш — равоншинос (психиатр) Карен Тскерберг. Ӯ фарзанди дуюм ва ягона писар дар оила мебошад. Хоҳаронаш — Ренди (калонӣ), Донна ва Ариэл. Марк Цукерберг таҳсилоти олиашро пурра ба охир нарасонидааст. Ӯ соли 2002 ба донишгоҳи Ҳарвард бо ихтисоси равоншиносӣ таҳсил карда то соли 2004 таҳсил кардааст. Марк инчунин бо барномасозии «C, C++, Java, Visual Basic, VBscript, JavaScript, PHP и ASP» машғул буд. Дар овони ҷавониаш дар мактаби шахсии Phillips Exceter Academy дар иёлати Ню Ҳемпшире Марк Эллиот Тсукерберг идеяи Фейсбукро дошт. Ҳамасола дар мактаб китобе бо номҳо, нишонаҳо ва аксҳои хонандагон бо номи Facebook "китоби рухсор" нашр мешуд. Вақте ки Тсукерберг ба Донишгоҳи Ҳарвард дохил шуд, вай бо ташабуси сохтани шабакаи иҷтимоии монанди китоби мактабиро пешниҳод намуд, аммо мудирияти аз сабаби сиёсати нақзи муаллифон ва ашхос пешниҳоди Маркро рад мекунад. Баъдан 28 октябри соли 2003 Марк Тсукерберг, дар курси дуюм барои вебгоҳи Facemash барномарезӣ мекунад, ки дар он аксҳо, ки ҷуфт гузошта мешуданд ва хадаф интихоби зеботар аз ду ва ё зиёда нафаро одамон буд.

Барои ба ҳадафхояш расидан, Тсукерберг бахшҳои ҳифзшудаи шабакаи компютерии донишгоҳи Ҳарвардро шикаста аксҳои хусусии донишҷӯёнро нусхабардорӣ мекунад. Дар он сол Ҳарвард албоми донишҷӯёнро надошт (феҳристи аксҳо ва иттилооти асосӣ). Facemash 450 тамошобинон ҷалб набуд, ки муддати ду соати аввали кори вебгоҳ 22 000 тамошои аксҳоро анҷом доданд.

Вебгоҳ тез байни донишҷӯён машҳур шуд ва баъди якчанд рӯз аз сӯи мудирияти Ҳарвард баста шуд. Тсукербергро барои ба қоидаҳо риоя накарданаш айбдор карданд ва аз донишгоҳ бояд хориҷ мекарданд. Дертар айбзои ӯро гирифтанд. Тсукерберг баъд ба лоиҳаи якуми худ диққати худро пеш гузошт. Вай вебгоҳеро барои ҳамсабақони худ боз намуд, ки онҳо ҳама дар бораи лоиҳа назарҳои худро менавиштанд. Ҳамроҳи Крис Хюз ва Дастин Московитс ӯ ба ихтирои шабакаи иҷитимоии Facebook шурӯъ карда буд. Дар нимсолаи минбаъда, дар мохи январи соли 2004, Тсукерберг ба барномарезӣ барои вебгоҳи наве шурӯъ кард. Аз мақолаи дар Harvard Crimson дар бораи рӯйдодҳои рухдода бо Facemash руҳбаланд шуд. 4 феврали соли 2004 Марк Тсукерберг вебгоҳи наверо бо номи The Facebook бо нишонаи the facebook.com боз кард. Идеяи номи Facebook аз солҳои мактаби Марк Тсукерберг аст. Дар мактаби хусусии Phillips Exeter Academy, ки дар он Марк таҳсил кардааст, китоберо ба ҳар хатмкунанда медоданд, ки дар он аксҳо, нишонаҳо ва рақамҳои телефонҳои ҳамсинфон ҷой дода шуда буданд. Номи аслии ин китоб «The Photo Address Book» буд, аммо ҳамаи хонандагон онро «The Facebook» меномиданд[1]. Дар соли 2008, маҷаллаи "Форбс" ӯро ҷавонтарин миллиардере, ки сарваташро шахсан касб кард муаррифӣ кард ва сарвати ӯро $1.5 миллиард доллар тахмин задааст. Ҳамакнун вебгоҳи Фейсбук дороиҳои вайро $45 миллиард доллар эълон карда аст. Дар соли 2010 ӯ ба унвони Шахсияти соли "Тайм" аз сӯи маҷаллаи "Таймз" интихоб шуда буд.

Филм[вироиш]

Дар соли 2010 филме бо унвони "Шабакаи Иҷтимоӣ" ба коргардони Давид Финчер дар мавриди Марк Зукерберг ва Фейсбук сохта шуд. Ин филм, ки бар асоси китоби миллиардерҳои тасодуфӣ навиштаи ин Бен Мезрик таҳия шуда, ба наҳваи шаклгирӣ ва таъсиси Фейсбук ва масоил ва кашмакашҳои перомуни он мепардозад. Қобили зикр аст, ки на Марк Зукерберг ва на ҳеҷ кадом аз шаркои наздики вай дар таҳияи ва сохта ин филм ҳамкорӣ надоштанд.

Зукерберг як яҳудизодаест, вале ба аъзоби яҳуди худ шудааст.

Нигаред[вироиш]

Манбаъ[вироиш]