Маросим
Маросим - маҷмӯи амалҳои рамзие мебошад, ки муносибати шахсон ва гурӯҳҳои иҷтимоиро ба падидаҳои муҳими ҳаёти фарҳангии ҷомеа муқаррар менамояд.[1].
Маросимҳо дар Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Дафну азодорӣ ва маросимҳои марбут ба он унсурҳои фарҳанги ғайримоддӣ ба ҳисоб мераванд, ки аз қадимулайём рӯзгори мардум, тасаввуроту ҷаҳонбинӣ ва асотиру ақоиди мардумро инъикос кардаанд. Зеро дар ин маросимҳо низ як навъ анъанот ва суннатҳое ҷой доранд, ки инъикоскунандаи унсурҳои миллӣ буда, аксарияти онњо дар дигар халқу миллатҳо дида намешаванд. Мардуми тоҷик ҳанӯз аз гузаштаи дур ҳастии инсонро аз таваллуд то ба марг вобаста ба муҳити иҳотакарда – табиат, кайҳон, обу оташ, боду хок ва дигар унсурҳои табиӣ алоқаманд меҳисобанд.
Маросимҳои дафну азодории мардумони дигар манотиқи ҷумҳурӣ аз рӯзи вафот сар карда, то як сол идома меёбанд. Агар аз рӯйи тартиб номбар намоем: ҷаноза, дафн, «себегаҳа», «ҳафт», «душанбегӣ», «панҷшанбегӣ», «шашмоҳагӣ» «бист», «чил», «сари сол», «сол» ё солшикан маросимҳои азодории мардуми суннимазҳаби Тоҷикистон мебошанд, қисман дар шакли хонаводагӣ гузаронида мешаванд. Баъд аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2007) дар навоҳии Тоҷикистон баъзе маросимҳои азодорӣ низ танзим шуда, дар доираи низоми махсус дар хонаҳо баргузор мегарданд.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007, №6, мод.428; соли 2008, №6, мод. 448