Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Марта Кауффман

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Марта Кауффман
Таърихи таваллуд: 21 сентябр 1956(1956-09-21)[1] (69 сол)
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ:
Касб: филмноманавис, нависанда, таҳиякунандаи телевизиюнӣ, коргардони телевизиюнӣ, таҳиякунандаи филм, телесенарист
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 0442035

Марта Фрэн Кауффман (англ. Marta Fran Kauffman, тав. 21 сентябри 1956) — филмноманавис ва продюсери амрикоӣ. Вай бештар ҳамчун ҳаммуаллифи ситкоми «Дӯстон» бо Дэвид Крейн маъруф аст.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Кауффман дар оилаи яҳудӣ дар канори Филаделфия таваллуд шудааст.[2] Вай дар мактаби миёнаи Марпл-Нютаун, ки дар шаҳристони Марпл-Нютаун дар наздикии Филаделфия ҷойгир аст, таҳсил кард ва дар он ҷо бори аввал қобилияти коргардонии худро нишон дод. Пас аз он соли 1978 Донишгоҳи Брандейсро хатм кардааст. Дар давоми дар онҷо будан вай хоҳари ҷамъияти занони Сигма Делта Тау буд.

Кауффман бо Дэвид Крейн силсилафилмҳои ба мисли «Дӯстон», «Салони Вероника» ва «Ҷессӣ»-ро таҳия кардааст. Соли 2014, Кауффман ба телевизион ҳамчун офаринандаи силсилафилми Netflix «Грейс ва Фрэнкӣ» баргашт. Вай ҳаммуассиси ширкати истеҳсолии Okay Goodnight мебошад. Студияи телевизионии Fox 21 бо Okay Goodnight дар моҳи январи соли 2020 шартномаи чандсола ба имзо расонд[3].

Ҳаёти шахсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Кауффман бо Майкл Склофф издивоҷ карда буд ва онҳо дар Лос Анҷелес зиндагӣ мекарданд. Ин ҷуфт се фарзанд доранд: Ҳанна, Сэм ва Роза[2]. Онҳо моҳи ноябри соли 2015 барои талоқ муроҷиат карданд. Кауффман демократ аст.[4][5]

Сол Номгӯй Нақш Шарҳҳо
1987 Everything's Relative Нависанда 1 қисм
1990–1996 Dream On Коргардон, нависанда (1990–1996), продюсер (1990 14 қисм), продюсери иҷроия (1991–1992 – 40 қисм), ёрдамчии коргардон Силсилафилм
1991 Sunday Dinner Нависанда 1 қисм
1992–1993 The Powers That Be Коргардон, нависанда Силсилафилм
1993 Family Album Офаранда, нависанда, продюсери иҷроия (6 қисм) Силсилафилм
1994 Couples Нависанда, ёрдамчии продюсер Телефилм
1994–2004 Дӯстон Офаранда, нависанда, продюсери иҷроия Коргардони кастинг
1997–2000 Veronica's Closet Офаранда, нависанда, продюсери иҷроия (66 қисм) Силсилафилм
1998–2000 Jesse Продюсери иҷроия (34 қисм) Силсилафилм
2005–2006 Related Продюсери иҷроия, нависанда Силсилафилм
2007 Gifted Продюсери иҷроия Телефилм
2008 Blessed Is the Match: The Life and Death of Hannah Senesh Продюсери иҷроия Ҳуҷҷатӣ
2010–2015 Independent Lenses Продюсери иҷроия Силсилафилми ҳуҷҷатӣ
2011 Five Офаранда, продюсери иҷроия Телефилм
2012 Hava Nagila: The Movie Продюсер Ҳуҷҷатӣ
2012 Georgia Нависанда, коргардон (3 қисм) Силсилафилм
2013 Call Me Crazy: A Five Film Офаранда, продюсери иҷроия
2014 Mimi and Dona Продюсери иҷроия Ҳуҷҷатӣ
2015–2022 Grace and Frankie Офаранда, нависанда, продюсери иҷроия, коргардон Силсилафилм; дар баробари Ҳовард Ҷ. Моррис
2018 Seeing Allred Продюсер Ҳуҷҷатӣ
2018 Beetlejuice The Musical. The Musical. The Musical. Продюсер Мюзикл
2021 Friends: The Reunion Продюсер Телефилм
  1. SNAC (ингл.) — 2010.
  2. 1 2 Jewish Journal: «For Kauffman, Making ‘Match’ Was a Blessing» by Danielle Berrin Бойгонӣ шудааст 26 ноябри 2015  сол. January 16, 2009
  3. Marta Kauffman's Okay Goodnight, Fox 21 TV Studios Ink First-Look Deal(англ.), Variety (23 January 2020). Бойгонӣ шудааст 12 Январ 2021  сол. Проверено 11 Январ 2021.
  4. Friedlander, Whitney Inside Marta Kauffman's 'Grace and Frankie' Office(пайванди дастнорас таърих) (3 августи 2017). 22 май 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 май 2018.
  5. Democrats Expand Obama's Hancock Park Fundraiser(пайванди дастнорас таърих). 22 май 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 июли 2018.