Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Маруф Қобилов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маруф Қобилов
Қобилов Маруф Маҳмудович
Таърихи таваллуд 7 январ 1960(1960-01-07) (66 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Конибодом
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Институти математика бо маркази ҳисобкунии АИ ҶТ. Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон. Институти математикаи ба номи А.Джураеви Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ дотсент

Маъруф Қобилов — (риёзидон, зод. 7 январи соли 1960, ноҳияи Конибодом), доктори илмҳои физика ва математика (2023). мудири шуъбаи “Математикаи амали ва механика” Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. ([[2025])

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Маруф Қобилов 7 январи соли 1960, ноҳияи Конибодом) дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи механикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Москва (ДДМ) ба номи М.В.Ломоносов (1978–1983).

  • таҷрибаомӯз-тадқиқотчӣ дар Институти математика бо маркази ҳисобкунии АИ ҶТ (1983–1986),
  • аспиранти кафедраи динамикаи газҳо ва мавҷҳо дар ДДМ ба номи М.В.Ломоносов (1986-1989),
  • коркуни хурди илмӣ, коркуни илмӣ, коркуни калони илмӣ, мудири шӯбаи механика дар Институти математика бо маркази ҳисобкунии АИ РТ (1990–2003),
  • мудири кафедраи информатика ва технологияҳои иттилоотии ДСРТ, дотсенти кафедраи информатика ва системаҳои иттилоотӣ дар Донишгоҳи славянии Русияю Тоҷикистон (ДСРТ) (2003-2017) ва (2017-2023),
  • доктори илмҳои физикаю математика (2023),
  • Аз сентябри соли 2023 то 01.07.2025 — дотсенти кафедраи информатика ва технологияҳои иттилоотии ДСРТ. Сазовори мукофоти вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.[1]
  • Аз 4 июни соли 2025 — мудири шуъбаи “Математикаи амалӣ ва механика” дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ ва ихтироъот

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Аввалин шуда формулаи ҳисобкунии ҳарорати максималии муҳити ковокро, ҳангоми талафшавии гармӣ аз соҳаи сӯзиш навиштааст. Ин формула дар ҳолати хусусӣ ба формулаи ҳисобкунии ҳарорати максималии газ мубаддал мегардад, ки дар назарияи сӯзиши газҳо маълум набуд.[2]
  • Аввалин шуда модели математикии умумӣ намуд доштаро нисбати паҳншавии мавҷҳои сӯзиш дар муҳитҳои коденсиронидашуда, газ ва ковок (ҳолатҳои якченака ва сеченака) тартиб дода тадқиқ намудааст.
  • Аввалин шуда шарти сарҳадии устуворона паҳншавии мавҷи сӯзиши филтронаи газҳоро ба таври аналитикӣ бо методи ғалаёнҳои хурд (ҳолатҳои якченака ва сеченака) ва бо методи истифодабарии дигаргункуниҳои Фуре ва Лаплас (ҳолати якченака) ҳосил кардааст.
  • Формулаи ҳарорати даргирии омехтаи газҳоро дар муҳити ковок навиштааст.
  • Аввалин шуда сохти мавҷи сӯзиши филтронаи газҳоро бо усули ададӣ тадқиқ намудааст.
  • Аввалин шуда коэффитсиентҳои диффузияи таркибаҳои омехтаро дар таносуби муайянкунии суръати статсионарии мавҷи сӯзиши филтронаи газҳо истифода намудааст.
  • Модели математикии баробарқувваи сӯзиши филтронаи газҳоро тартиб дода онро ба таври аналитики ҳал намудааст.
  • Модели математикии баробарқувваи сӯзиши филтронаи газҳоро ҳангоми гузариши гармӣ ба берун тартиб дода онро ба таври аналитики ҳал намудааст.
  • Аввалин шуда ҳалли аналитикии модели математикии сохти мавҷи сӯзиши филтронаи газҳоро ҳангоми тағирёбии фишор дар мавҷ ёфта таҳлил намудааст.

Таҳти роҳбарии Қобилов М.М. 3 нафар оид ба сӯзиши филтронаи газҳо рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намудаанд.

Мукофоту ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2007).
  • Ҷоизаи “Олими сол” дар номинатсияи “Математика” (2025). Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Ифтихорномаҳои Приезиденти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (2025) ва Донишгоҳии славянии Русияю-Тоҷикистон(2025)