Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Маряна Искандар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маряна Искандар
ар. ماريانا إسكندر
Таърихи таваллуд 1 сентябр 1975(1975-09-01)[1][2] (50 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Пеша муҷрии касбу кор, вакил, мудири иҷроӣ, корофарини иҷтимоӣ
Падар Felib Y. Iskander[d][2]
Ҷоизаҳо
Вебгоҳ wikimediafoundation.org/…
 Парвандаҳо дар Викианбор

Маряна Искандар [lower-alpha 1] (таваллуд 1 сентябри 1975) [5] як корофарини иҷтимоӣ ва ҳуқуқшиноси амрикоӣ аст. Дар соли 2022 вай ба ҷои Кэтрин Маҳер директори иҷроияи (CEO) Бунёди Викимедиа шуд.Искандар нақша дорад то моҳи январи соли 2026 ин вазифаро тарк кунад. Пеш аз ин, ӯ директори генералии Accelerator Harambee Employment Youth ва инчунин директори собиқи амалиётии Федератсияи волидайни ба нақшагирии Амрико дар шаҳри Ню-Йорк будаст.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Маряна Искандар дар Қоҳираи Миср таваллуд шудааст ва то синни чаҳорсолагӣ бо хонаводааш он ҷо зиндагӣ мекард. Баъдан онҳо ба Иёлоти Муттаҳида муҳоҷират карда, дар шаҳри Раунд-Рок, иёлати Техас, маскан гирифтанд. [6] Маряна Искандар бо стипендияи Гарри С. Труман дар Донишгоҳи Райс таҳсил карда, соли 1997 бахши ҷомеашиносиро бо дараҷаи бакалавр ва бо натиҷаҳои олӣ хатм кардааст[6] [7]

Соли 1999 Искандар дараҷаи магистрро аз Коллеҷи Тринити, Оксфорд гирифта, ҳамчун донишманди Родос, [6] дар он ҷо Ассотсиатсияи занони Родсро поягузорӣ кардааст. Пас аз он, вай дар Мактаби ҳуқуқии Йел сабтином шуда, соли 2003 бо дараҷаи Доктори Ҳуқуқ онро хатм кардааст. [6]

Маряна Искандар дар Викимания 2023 Сингапур

Искандар барандаи чандин ҷоиза ва стипендияҳо мебошад, аз ҷумла Ҷоизаи Сколл барои соҳибкории иҷтимоӣ ва Ҷоизаи барҷастаи хатмкардагони Мактаби ҳуқуқи Йел. Дар соли 2002 ба ӯ стипендияи Пол ва Дейзи Сорос барои амрикоиҳои нав супурда шуд — стипендияе, ки ба муҳоҷирон ё фарзандони муҳоҷирон дода мешавад, то ба шахсоне, ки омодаанд дар ҷомеа, фарҳанг ё соҳаи илми худ саҳми назаррас гузоранд, пуштибонӣ расонад. [6] Ба ӯ стипендияи Родс [8] ва стипендияи Гарри С. Труман дода шуд. [8] Вай инчунин узви синфи Ҳенри Кроун дар соли 2006 дар Донишкадаи Аспен ва Шабакаи Глобалии Роҳбарии Аспен буд. [9]

Ҷусторҳои вобаста

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Рӯйхати одамони Википедиа
  1. /ˌmæriˈænə ɪˈskændər/ MARR-ee-AN-ə isk-AN-dər;[4] Script error: The function "langx" does not exist.;
  1. https://www.myheritage.com/research/record-10220-225536608/maryana-felib-iskander-in-us-public-records-index
  2. 1 2 https://books.google.ru/books?id=D-IrAQAAIAAJ&q=ISKANDER
  3. https://wikimediafoundation.org/news/2021/09/14/wikimedia-foundation-appoints-maryana-iskander-as-chief-executive-officer/
  4. Maryana Iskander, Harambee Youth Employment Accelerator. Devex. 2019-06-18. Archived from the original on July 22, 2022. Retrieved September 14, 2021. Unknown parameter |url-status= ignored (help)
  5. Who's who Among Students in American Universities and Colleges 62. Randall Publishing Company. 1996. p. 714.
  6. 1 2 3 4 5 Maryana F. Iskander, 2001. Paul & Daisy Soros Fellowships for New Americans. P'unk Ave. 25 феврали 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 феврали 2020. Хатои ёдкард: Invalid <ref> tag; name "pdsoros" defined multiple times with different content
  7. Who's who Among Students in American Universities and Colleges 62. Randall Publishing Company. 1996. p. 714.
  8. 1 2 Maryana Iskander ’03 J.D. | Yale Corporation Alumni Fellow Election. alumni-fellow-election.yale.edu. — «Already several years removed from her bachelor’s degree (magna cum laude in sociology from Rice University, where she was a Harry S. Truman Scholar), she had been a Rhodes Scholar at the University of Oxford and a strategy consultant at McKinsey & Company.»  21 октябри 2025 санҷида шуд.
  9. Who's who Among Students in American Universities and Colleges 62. Randall Publishing Company. 1996. p. 714.

Пайвандҳои беруна

[вироиш | вироиши манбаъ]