Марҷумак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Марҷумак
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ

Марҷумак (форсӣ: مرجومک‎) — навъе ғалла аз ҷинси лӯбиё, адас.[1]

Дар таркиби дони марҷумак (марҷу) қанд, равғанҳои гуногун, сафедаҳо, крахмал, витаминҳо, кислотаҳои органикии лимӯ, себ, рабо, ҳамчунин намакҳои минералӣ мавҷуданд, ки барои барқарор намудани қобилияти кори инсон аҳамияти калон доранд. Аз орди марҷумак (марҷу) шоколад, чалпакҳои гуногун ва кулчаҳои қандин тайёр мекунанд. Марҷумак барои истеҳсоли асал низ василаи беҳтарин мебошад. Аз як гектари кишти он 80 — 100 кг асал гирифтан мумкин аст. Пас аз тоза карданаш, партови марҷумакро чун хӯроки пурқимати парандагон, бахусус чӯҷа, мурғ, мурғобӣ ва мурғи марҷон метавон истифода кард. Ба сабаби аз витамини Р (рутин) саршор буданаш, он рагҳои хунгузарро тақвият дода, касалиҳои қанд, диққи нафас ва бемориҳоеро, ки бар асари нурҳои ренгенӣ ва дигар нурҳо ба вуҷуд меоянд, даво мебахшад. Дар шароити иқлими Тоҷикистон марҷумак дар як мавсим ду бор ҳосил медиҳад. Агар онро пас аз ҷамъоварии ҳосили гандуми тирамоҳӣ коранд, боз ҳам беҳтар аст. Барои ба кишт омода кардан, тухмии онро аввал дар об меандозанд. Донҳои пучро, ки рӯйи об мебароянд, як тараф кашида, донҳои пурмағзро дар даруни об мемонанд. Дар киштбоб намудани тухмӣ ба муддати 2 шабонарӯз офтоб додани он аҳамияти калон дорад, зеро ин амал нешзании майсаро якчанд маротиба метезонад. Марҷумак зироати намталаб аст, бинобар ин, пеш аз кишти он сатҳи заминро пурра ҳамвор кардан лозим аст. Чуқурии шудгори замин бояд 27-30 см бошад. Агар намии замин 40 дарсад бошад, кишт комилан бомуваффақият анҷом меёбад. Киштбоб шудани заминро чунин муайян мекунанд: Як мушт хокро фишурда, аз баландии як метр ба замин мепартоянд. Агар хок пош нахӯрад, пас нами замин зиёд буда, вақти шудгораш ҳоло нарасидааст; агар хок ба замин расида пош хӯрад, замин ба кишт омодааст. Барои ба даст овардани ҳосили фаровони марҷумак ин панҷ усулро ҳатман бояд ба кор бурд: мола кашидани шудгор, коркарди байниқатории киштзор, хишова, озуқадиҳии хок ва озуқадиҳии иловагӣ, гардолудкунӣ тавассути занбӯри асал (дар ҳар гектар шинондани 2-3 қуттӣ) ва гардолудкунии сунъӣ. Агар занбӯри асал набошад, гардолудкунии сунъиро ба ин тариқ ташкил мекунанд: канаберо, ки ба он латта баста шудааст, дар сатҳи ниҳол маҳкам мекунанд ва пагоҳии барвақт онро ҷунбонда, гардашро меафшонанд. Вақте 2-3 қисми хӯшаҳои марҷумак ранги хокистарӣ мегиранд, онро дарав кардан лозим аст. Набояд интизор шуд, ки хӯшаҳои дигар пухта расанд. Чанд муддат хӯшаҳоро намебанданд, вақте ки хушк шуд, ҳарчи зудтар дарза мебанданд ва дар хирмангоҳ кӯфта, тоза карда, мехушконанд. Барои беосеб мондани ҳосил, марҷумак дар анбор бояд бо оксиген таъмин бошад. Агар ба он ба миқдори ночизе гармӣ расад, барои хӯрдан нобоб мегардад. Барои тоза кардани дони марҷумак аз пӯчоқ механизми махсуси муосир ихтироъ карда шудааст, ки он кори деҳқононро бағоят сабук мекунад.[2]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Марҷумак
  2. Эҳёгари марҷу…