Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Масрур Ҳодизода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳодизода Масрур Ҳомид
Ҳодиев Масрур Ҳомидхоҷаевич
Таърихи таваллуд 24 сентябри 1990
Зодгоҳ деҳаи Сангистон, ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд, Тоҷикистон
Кишвар Тоҷикистон
Фазои илмӣ физика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои физикаю математика
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Маъруф ба спектроскопияи молекулӣ; ҳисобкуниҳои физикаи квантӣ
Вебгоҳ physical.tnu.tj/tj/asos/
 Парвандаҳо дар Викианбор


Ҳодизода Масрур Ҳомид ( зод. 24 сентябри 1990, деҳаи Сангистон, ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд) — физикдон, табиатшинос, номзади илмҳои физикаю математика, мудири кафедраи оптика ва спектроскопияи факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳодизода Масрур Ҳомид 24 сентябри соли 1990 дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Солҳои 1997–2008 дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №19-и деҳаи Сангистон таҳсил намудааст. Солҳои 2009–2014 дар факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил карда, онро бо баҳои хубу аъло хатм намудааст.[1]

Фаъолияти меҳнатӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти кориашро аз соли 2014 оғоз намуда, солҳои 2014–2016 лаборанти калони кафедраи оптика ва спектроскопия буд. Солҳои 2017–2022 ҳамчун ассистенти ҳамин кафедра фаъолият кардааст. Аз 31 майи соли 2023 инҷониб мудири кафедраи оптика ва спектроскопияи факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.[2]

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 2016–2019 Ҳодизода Масрур Ҳомид дар шуъбаи ғоибонаи аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Ӯ рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Таҳқиқи N-комплексҳои ҳосилаҳои триазол бо усули спектроскопияи инфрасурх ва ҳисобкуниҳои физикаи квантӣ» аз рӯйи ихтисоси 1.3.8 — физикаи ҳолатҳои конденсӣ дар Шурои диссертатсионии 99.0.057.02 Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ҳимоя кардааст.

Бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия аз 28 ноябри соли 2022 ба ӯ дараҷаи илмии номзади илмҳои физикаю математика дода шудааст.[3]

Самтҳои асосии таҳқиқоти илмии ӯ спектроскопияи молекулӣ ва ҳисобкуниҳои физикаи квантӣ мебошанд.[4]

Фаъолияти илмӣ-оммавӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳодизода Масрур Ҳомид ба тарғиб ва оммавигардонии илм машғул аст. Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, телевизион, радио ва расонаҳои чопӣ доир ба қонунҳои табиат, дастовардҳои илми муосир ва равандҳои таҳқиқоти илмӣ маводҳои илмӣ-оммавӣ нашр менамояд.[5]

Таҳти роҳбарии ӯ дар факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили илмӣ-оммавии «Нерӯ» фаъолият мекунад. Ӯ дар таҳияи «Нақшаи дурнамои факултети физика» ва баргузории чорабиниҳои илмии факултет саҳми назаррас дорад.[6]

Ҳодизода Масрур Ҳомид муаллифи зиёда аз 45 кори илмӣ-таҳқиқотӣ мебошад, ки дар маҷаллаҳои байналмилалии ба пойгоҳҳои Scopus ва Web of Science дохилшуда ва маводи конференсияҳои байналмилалӣ нашр шудаанд.[7]

Аз ҷумлаи асарҳои ӯ:

  • Ҳодиев М. Ҳ. Хӯшае аз ҳар гӯшаи табиат. Душанбе: Матбааи ДМТ, 2018.
  • Исломов З. З., Ҳодиев М. Ҳ., Файзиева М. Р. Спектроскопияи атомӣ. Душанбе: Нушбод, 2022.
  • Ходиев М. Х. Природа N-комплексов производных триазола. Душанбе: Аршам, 2024.
  1. ↑ Факултети физикаи ДМТ(тоҷ.). Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
  2. ↑ Кафедраи оптика ва спектроскопия(тоҷ.). Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
  3. ↑ Отзыв официального оппонента на диссертацию(рус.). СПбГУ.
  4. ↑ Masrur Khodiev – Google Scholar. Google Scholar.
  5. ↑ Маводи илмӣ-оммавӣ(тоҷ.). Ravshanfikr.tj.
  6. ↑ Маҳфили илмӣ-оммавии «Нерӯ»(тоҷ.). Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
  7. ↑ Masrur Khodiev – AD Scientific Index. AD Scientific Index.(пайванди дастнорас)