Мастон Шералӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Мастон Шералӣ
Мастон Шералӣ.jpg
Санаи таваллуд:

20 апрел 1935(1935-04-20)

Зодгоҳ:

ноҳияи Панҷакент

Санаи марг:

1987(1987)

Навъи фаъолият:

шоир, нависанда, мутарҷим

Забони осор:

тоҷикӣ, русӣ

Мастон Шералӣ (20 апрели 1935 дар деҳаи Зери Ҳисори ноҳияи Панҷакент — 1987) — шоир, дромнавис ва мутарҷими тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1964).

Зиндагинома[вироиш]

Мастон Шералӣ 20 апрели соли 1935 дар деҳаи Зери Ҳисори ноҳияи Панҷакент дар оилаи колхозчӣ ба дунё омадааст. Соли 1950 факултаи таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст.

Солиёне корманди адабии рӯзномаи «Маориф ва маданият», моҳномаи «Садои Шарқ» ва мудири шуъбаи Нашриёти «Ирфон» буд.

Аз соли 1964 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Эҷодиёт[вироиш]

Асарҳояш аз ибтидои солҳои 50-уми қарни 20 чоп шуда, диққати ҳамагонро ҷалб намудаанд. Муаллифи китоби ашъори «Мавҷи Зарафшон» (1964), "Илҳом" (1969), «Реша дар об» (1970), «Ситора» (1972), «Ташнагӣ» (1975), «Суруди роҳ» (1983), «Ихлос» (1986) ва ғайра мебошад, ки ба туфайли забони суфтаву пухта, образҳои хотирнишин, банду басти қавӣ ва шеърияти баландашон мақоми ӯро дар адабиёти шӯравии тоҷик шоиста гардондаанд.

Иддае аз ашъорашро суруду таронавор мехонанду месароянду лаззату ҳаловати эстетикӣ мебардоранд.

Китоби шеърҳои ба русӣ тарҷумашудаи ӯ «Жажда» соли 1981 дар Маскав ба чоп расидааст. Драмаҳои «Золу Рудоба», «Зебуннисо», «Тоҳиру Зуҳро» ба қалами ӯ тааллуқ доранд, ки дар чанде аз театрҳои ҷумҳурӣ саҳнагузорӣ шудаанд.

Китоби шеърҳои В. Сосюра, Р. Ҳамзатов, А. Кешоков, Д. Кугултинов, Ш. Петефи, «Домод»-и А. С. Пушкин, достонҳои Ю. М. Лермонтов, шеъру таронаҳои алоҳидаи Т. Лорка ва П. Нерударо ба тоҷикӣ гардондааст. Намунаҳое аз шеърҳояш ба чанд забони халқҳои дигар тарҷума ва чоп шудаанд.

Даргузашт[вироиш]

Мастон Шералӣ соли 1987 аз олам даргузашт.

Гиромидошт[вироиш]

Ба поси хотири шоир мактабе ба номи Мастон Шералӣ ва нимпайкара дар зодгоҳаш – деҳаи Зери Ҳисори ҷамоати деҳоти ба номи Рӯдакии ноҳияи Панҷакент гузошта шудааст[1].

Осор[вироиш]

  • Мастон Шералӣ. Мероси дил. Шеърҳо. — Душанбе: «Адиб», 2005. 192 саҳ[2].

Эзоҳ[вироиш]

  1. ҲОЛИ ТАБОҲИ ПАЙКАРАИ ШОИРИ ШИНОХТА МАСТОН ШЕРАЛӢ (6 АКС). akhbor.com. 14 Декабри 2018 санҷида шуд.
  2. Шералӣ Мастон. Мероси дил. twirpx.net. 14 Декабри 2018 санҷида шуд.

Пайвандҳо[вироиш]