Jump to content

Масунияти дипломатӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Масунияти дипломатӣ — ҳуқуқҳо ва имтиёзҳои махсусе мебошанд, ки ба намояндагии хориҷӣ, сардорон ва кормандони онҳо дар кишвари мавқеъгирифта пешниҳод карда мешавад. Мақсади асосии масунияти давлатӣ ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои аз ҷониби онҳо амалӣ гардонидани вазифаҳояшон мебошад. Дар асоси Конвенсияи Вена оид ба муносибатҳои дипломатӣ аз соли 1961 масунияти дипломатӣ ба чунин қисмҳо тақсим мешавад:

1. Масунияти намояндагии дипломатӣ – дахлнопазирии манзили намояндагии дипломатӣ, амвол ва воситаҳои ҳамлу нақл, почта ва бойгонӣ; масунияти андозӣ; ҳуқуқ ба муносибати бемонеаи намояндагӣ бо давлат ва намояндагии давлати худ;

2. Масунияти шахсии ҳайати дипломатӣ ва оилаи онҳо - дахлнопазирии шахсият, манзил; масуният аз юрисдиксияи (доираи ҳуқуқи) ҷиноятии давлати мавқеъгирифта, аз юрисдиксияи (доираи ҳуқуқӣ) гражданӣ ва маъмурӣ дар муносибат оид ба масунияти андозӣ.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — С. 278-279