Масунияти консулӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Масунияти консулӣ — дар муносибати шахсони мансабдори консулӣ, аъзои оилаи онҳо, инчунин амволи онҳо истифода набурдани чораҳои маҷбурии судӣ, маъмурӣ ва андозии мақомотҳои давлати мавқеъгирифта ифода меёбад. Дар асоси Конвенсияи Вена оид ба муносибати консулӣ аз соли 1963 манзиле, ки муассисаи консулӣ дар он қарор дорад, бойгонй, ҳуҷҷатҳо ва муқотибаи расмии муассисаи консулӣ дахлнопазиранд. Шахсони мансабдори консулӣ мӯҷиби ҳабс кардан, ҳабси пешакӣ нестанд, ба истиснои қарори суд дар ҳолати содир намудани ҷиноятҳои вазнин. Сардори муассисаи консулӣ аз масуниятҳои ба агенти дипломатӣ монанд истифода мебарад.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — С. 278-279