Масъуди Марвазӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Масъуди Марвазӣ
форсӣ: مسعودی مروزی
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият:

шоир

Забони осор:

порсӣ

Масъуди Марвазӣ (форсӣ: مسعودی مروزی‎) — аз шоирони садаи X ва муосир бо Рӯдакист.

Зиндагинома[вироиш]

Масъуди Марвазӣ яке аз шоирони охири қарни саввум ва авали қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ аст,ки иттилооти ночизе аз ӯ дар даст дорем. Масъуди Марвазӣ дар охири асри IX ва аввали асри Х зиндагӣ карда, аввалин гӯяндаи «Шоҳнома»-и манзум буд ва таълифи онро андаке пештар ё баъдтар аз ҳудуди соли 300 ҳиҷрӣ (912-913 милодӣ) анҷом додааст. Аз «Шоҳнома»-и Масъуди Марвазӣ як пораи чаҳормисраӣ ва як байти алоҳида боқӣ мондааст. Пораи чаҳормисраӣ марбут ба подшоҳии Каюмарс ва байт мутааллиқ ба давраи Сосониён мебошад.

Намунаи осор[вироиш]

Нахустин Каюмарс омад ба шоҳӣ,
Гирифташ ба гетӣ - дарун пешгоҳе.
Чу сӣ соле ба гетӣ подшо буд,
Ки фармонаш ба ҳар ҷое раво буд.
Сипаррӣ шуд замони хусравоно,
Ки номи хеш ронданд дар ҷаҳоно.

Адабиёт[вироиш]

  • Таърихи адабиёт дар Эрон.Забебуллоҳ Сафо. ҷ.1; с.369-371
  • Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ.-Сталинобод,1958:
  • Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ.-Душанбе: Адиб,2007;