Масҷиди Хоҷӣ Яъқуб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Масҷиди Хоҷӣ Яъқуб
Масҷиди Хоҷӣ Яъқуб

Масҷиди Хоҷӣ Яъқуб - масҷиди ҷомеи марказии ш. Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб.

Масҷиди ҷомеи Ҳоҷӣ Яъқуб бо маблағгузории худи Хоҷи Яъқуб ва модари ӯ соли 1856 сохта шудааст. Ин масҷид яке аз масҷидҳои асосии шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад. Дар худуди ин масҷид маркази Исломии Ҷумхурии Тоҷикистон (Муфтиёт) ва Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ҷой гирифтаанд. Масоҳати аввалаи ин масҷид на он қадар калон буд, танҳо қисми чапи масҷиди имрӯзаро дар бар мегирифт. Баъд аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ масоҳати масҷид васеътар карда шуд, лекин азнавсозии он соли 1990 оғоз ёфт. Барои сохтумони он аз тамоми кишвар ва ҷумхуриҳои ҳамсоя устоҳо таклиф карда шуданд. Соли 1997 сохтумони ин масҷид пурра ба итмом расид, лекин дар масоҳати он сохтмони донишгоҳ давом дошт, ки имрӯз ба охир расидааст. Масҷиди Хоҷӣ Яъқуб бинои боҳашамат ва зебо аст. Дар масҷиди ҷомеи марказии ш. Душанбе сокинони пойтахту ноҳияҳои наздики ш. Душанбе ва меҳмонон, мусулмонони мамолики хориҷӣ намозгузорӣ мекунанд.

Эзоҳ[вироиш]

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.