Масҷиди ба номи ҳазрати Билол (р)-и ноҳияи Фирдавсӣ
Намуди зоҳирӣ
| Масҷид | |
Масҷиди ба номи ҳазрати Билол (р)-и ноҳияи Фирдавсӣ | |
|---|---|
| Сабки меъморӣ | Меъмории исломӣ |
| Шумораи манораҳо | 1 |
| Ҳолат | амалкунанда |
Масҷиди ба номи ҳазрати Билол (р)-и ноҳияи Фирдавсӣ - соли 1990 дар маҳалаи 64уми кучаи Фирдавсии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бунёд шудааст. Масҷиди мазкур то соли 2013 ҳамчун масҷиди панҷвақта амал мекард.Ҳоло бошад ҳамчун масҷиди ҷомеъ фаъолият карда истодааст. Азнавсозии масҷид соли 2011 шуруъ гардида, соли 2013 пурра ба анҷом расид. Масҷид аз чор ошёна иборат буда, дорои як гунбаз, як манора ва се даромадгоҳ мебошад. Тарҳи бинои масҷид ҷолибу диданӣ ва мутобиқ ба стандарти ҷаҳонист. Қисмати дохилии гунбази он ҳаштгӯша буда, ҳашт сутуни гачкоришуда дорад ва сақфи он бо нақшу нигори зебои миллӣ ороиш дода шудааст. Ба таври умум, дохили масҷид бо ҳунари гачкорию наққошӣ зебу оро ёфта, диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунад.