Матлуба Азимова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Матлуба Азимова
Матлуба Нуриддиновна Азимова
Санаи таваллуд:

24 май 1946

(72 сол)
Зодгоҳ:

Хуҷанд ҶШС Тоҷикистон, СССР

Мамлакат:

Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

филология

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои филология

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

ДДОЛ ба номи С.М.Киров, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон

Маъруф ба:
Ҷоизаҳо:

Аълочии маорифи Тоҷикистон (1994), Корманди шоистаи маорифи ҶТ (1996)

Матлуба Нуриддиновна Азимова - (24 майи соли 1946, ш. Хуҷанд), забоншинос, доктори илмҳои филологӣ (2007), профессор. Аълочии маорифи ҶТ (1994). Корманди шоистаи маорифи ҶТ (1996).

Зиндагинома[вироиш]

Матлуба Нуриддиновна Азимова 24 майи соли 1946, дар ш. Хуҷанд ба дунё омадааст. ДДОЛ ба номи С.М.Киров- ро хатм кардааст (1968). Муаллим (1968-1972), сармуаллими факултаи забонҳои хориҷии ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1973-1980), муҳаққиқ-коромузи Донишгоҳи Кембриҷи Бритониёи Кабир (1979), мудири кафедраи инкишофи нутқи даҳонӣ ва хаттии забони англисӣ (1980-87), мудири кафедраи фонетика ва лексикология (1987-1992), декани факултаи забонҳои хориҷӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (1992-2003), мудир ва дотсенти кафедраи забони англисии Донишгохи славянии Русияю Тоҷикистон (2004) - 2008. Солҳои 2008-2012 мудири кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров . Аз соли 2012 то имруз профессори кафедраи номбурда дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Фаъолияти илмӣ[вироиш]

Муаллифи бештар аз 70 мақолаи илмӣ дар сохаи таҳлили мукоисавии вожахо ва ибораҳои фразеологӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ. Иштироккунандаи «Роҳпаймоии сулхҳ» дар ИМА (1988), шаҳрванди фахрии ш. Линколни ИМА мебошад.

Осор[вироиш]

  • Омузиши намудҳои хониш дар зинаи болои факултаҳои забонӣ. - Хуҷанд, 1992;
  • Китоби забони англисӣ. - Хуҷанд, 1998;
  • Таснифоти семантикии воҳидҳои фразеологӣ дар забони англисӣ ва тоҷикӣ. - Хуҷанд, 1988;
  • Таҳлили вохидҳои фразеологӣ дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ. - Душанбе, 1995;
  • Сопоставительное типологическое исследование фразеологической системы таджикского и английского языков. - Душанбе, 2006;
  • Сопоставительно-типологический анализ фразеологизмов современного таджикского и английского языков. - Душанбе, 2006.[1]
  • Вохидхои фразеологии забоншо точики ва англиси дар шархи мукоисави-типологи. - Хучанд:Меъроҷ, 2014, 180 с.
  • Инкишофи нутки хатти ва шофохии забони англиси.Китоби дарси. - - Хучанд:Меъроҷ, 2015, 390 с.

Нигаред низ[вироиш]

Пайвандҳои беруна[вироиш]

  1. «Российско-Таджикский (славянский) университет» (в одном томе). Энциклопедия./ Главный редактор М.С.Имомов. - Душанбе, 2011. - 386 стр