Матлуба Мирзоева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Матлуба Мирзоева
Матлуба Ҷаҳонгировна Мирзоева
Санаи таваллуд:

12 сентябр 1954(1954-09-12) (64 сол)

Зодгоҳ:

Душанбе, ҶШС Тоҷикистон СССР

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

филология

Ҷойҳои кор:

Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони маорифи ҷумҳурӣ, Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин,

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои филология

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин

Матлуба Ҷаҳонгировна Мирзоева (12.09.1954, ш. Душанбе) — олим, доктори илмҳои филологӣ (2013), профессор (2015).

Зиндагинома[вироиш]

Соли 1977 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро (ҳоло ДМТ) ба охир расонда, дар макотиби таҳсилоти умумии н. Рӯдакӣ аз забон ва адабиёти тоҷик дарс додааст. Солҳои 1985-1992 корманди Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони маорифи ҷумҳурӣ, 1992-1996 ходими илмии Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Тоҷикистон буд. Аз соли 1996 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намуда, вазифаҳои муаллими калон ва дотсенти кафедраи услубшиносиро иҷро кардааст. Аз соли 2015 профессори ҳамин кафедра мебошад. Оид ба паҳлӯҳои гуногуни грамматикаи забони тоҷикӣ, аз ҷумла хусусиятҳои грамматикию услубииҷумлаҳои соддаи чидааъзо, муродифоти наҳвӣ, ҳамсатҳ ва гуногунсатҳ, шаклгирии қолабҳои муродифии ҷумлаҳо ва ғайра зиёда аз шаст асару мақола навиштааст.

Осор[вироиш]

  • Хусусиятҳои грамматикию услубии ҷумлаҳои соддаи чидааъзо. – Д., 1998;
  • Муродифоти грамматикии муносибатҳои ҳолии замон, шарт ва хилоф дар забони адабии ҳозираи тоҷик. – Д., 2012;
  • Муродифоти наҳвии муносибатҳои ҳолӣ дар забони адабии муосири тоҷикӣ. – Д., 2013;
  • Синтаксическая синонимия обстоятельственных отношений в современном таджикском языке. – Германия. Междуна-родное издательство LapLambevt. – 2014. [1]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 346-347.