Матоъҳои абрии Хуҷанд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

МАТОЪҲОИ АБРИИ ХУҶАНД (дар қарни ХIХ- ХХ ) Ҷодаи бузурги абрешим бори аввал дар таърихи башар Ғарбу Шарқ, кишварҳои Баҳри миёназамин ва Шарқи дурро бо ҳам пайваст. Колои асосӣ, ки абрешим ба ҳисоб мерафт, тавонист Шарқу Ғарбро бо ҳам муаррифӣ намояд. Мардуми тоҷик да «Ҷодаи бузурги абрешим» аз Чин то Шарқ, дар давоми ҳазорсолаҳо бо абрешими худ ифтихор мекарданд. Намунаҳои абрешими суғдӣ то имрӯз дар нигораҳои осорхонаҳои Аврупо,Осиё ва Амрико ҳифз мешаванд.

Матоъҳои абрии Худжанд
Матоъҳои абрии Худжанд

Матоъҳои нафису зебои абрешими тоҷикӣ, ки бо тарзи бофта, ва қавӣ дар бозорҳои кишварҳои Шарқу Ғарб мавқеи устуворро соҳиб гардида буданд. Тибқи ишораи фарҳангномаҳо ва доиратулмаорифҳои қуруни вустоӣ «Ғиёсуллуғот», «Фарҳанги Низом вожаи «атлас» ду мафҳумро ифода кардааст. 1.порае аз матои абрешим: 2.матоъ бо наққошии содда. Мафҳуми «атлас» либоси болопӯш (тоҷикӣ хома), аз матоъ бо наққошии соддаро ифода мекунад.

Дар ҳунари таҳияи матоъ, чи гуна, ки дар солномаҳо омадааст, дар давраҳои мушкили таърихии бисёрасра эҷодиёти устодони наққоши тоҷик инъикос гардидаанд, ки аз нигоҳи ҳунари бофтани матоъ ба санъати баланд ноил гардидаанд.Чунин равиши таҳияи матоъ ба наққошиҳои миллӣ бунёди гузоштааст.

Матоъҳои абрии Худжанд
Матоъҳои абрии Худжанд

Дар нимаи дуввуми қарни Х1Х дар Хуҷанд беш аз 20 навъи матоҳои рангубор кардашуда таҳия гардидаанд: астлас, хонатлас; рӯйпӯши абрешимӣ. Матоҳои абрешимӣ то охири қарни Х1Х мутааллиқ ба ашрофон буд. Абрешими – канаус мафҳуми шоҳӣ ва матои нимабрешимӣ «адрас» - «шоҳона» будаанд. Дар матоҳои абрӯӣ техникаи гулгузорӣ муттаҳид шудаааст ва воҳид мебошанд. Тибқи қиссаҳои қадима, матоҳо бо наққошиҳои «абр», ки дар оби ҷӯйҳо абрҳо инъикос гардида буданд ва устоҳо ба тариқи романтиқӣ «абрбанд» меномиданд.

Раванди омода сохтани матоҳои абрӣ бо рангубор сохтани чандгунаии рангҳо ба матоъ мебошад. Усто дар асоси чунин амалиёт ба матоъ нуқтачаҳо мегузоштанд. Ҷойҳое, ки ранг қабул намекарданд, бо риштаҳои ғавс печонида мешуданд. Асоси басташуда ба маҳлули ранг омезиш дода мешуд, ҷойҳои бози матоъ ранг карда мешуданд ва ранг то ба охири бастаҳо ҷорӣ мешуданд ва наққошиҳо гуногунранг мегардиданд. Вобаста бо хусусиёти нақш рангҳо болои ҳам мерафтанд ва теъдоди онҳо ба ҳафт мерасид. Барои дастёбӣ ба наққошиҳои гуногунранг ин амалиёт то се маротиб такрор меёфт, яъне ҳар дафъа дар асоси рангҳои нав такрор мегардид. Дар вобастагӣ бо теъдоди хатҳо атласҳо ба чунин навъ табақабандӣ мешаванд: ба чорхата-оддӣ; ҳафт ва дувоздаҳхата. Наққошиҳо бештар аҳамияти рамзӣ доштанд ва аломати афкори эстетикии ҷомеа ба ҳисоб мерафт.

Дар матоҳои қадима композитсияҳои рахҳои нозук камтар мавриди истифода қарор мегирифтанд, онҳо бо андозаҳои азимтар (аз 1.5 -2 метр) буданд. Таҳияи катакӣ бо шаклҳои азим, ки бештар паҳн гардида буданд, нишонгари дур рафтани наққошиҳои тасвирӣ ва ҷудоӣ байни онҳо мебошад. Унсурҳои наққошиҳои бузург, ки тибқи тартиби шоҳмотӣ мебошанд бо шаклҳои нафис ба нақш гуногунрангӣ медод. Густариши андозаи хат имконият медод, ки наққошиҳо 2.5 ва то 5 метр такрор ёбанд. Матоҳое, ки андозаи хурд доштанд бо хатҳои азим фарқ мекарданд. Дар баробари матоҳое, ки наққошиҳои онҳо бо хатҳои бузургҷусса таҳия мегардиданд, инчунин матоҳои бо наққошиҳои хатҳои хурд пайдо шуданд. Унсурҳои наққошии хурд функсияҳои гуногунро ба мисли ороиш: «шона», «шоҳ», «косагул», «шоғла», «бодомча», «морпеч», «теморча», «сим-сим», адо намуда ва онҳо фазои бози наққошиҳоро комил мегардониданд.

Матоъҳои абрии Худжанд
Матоъҳои абрии Худжанд

Дар матоҳои бо наққошиҳои абрӣ метавон се навъи қисматбандии куллиро ҷудо кард. 1. дар катакҳо; 2. дар рахҳо 3. дар доираҳои бузург. Дар нақшаҳои қисматбандӣ усулҳои матоҳои орнаментӣ дар асоси ин нақша бо тариқӣ гуногунранг таҳия мешуданд. Дар матоҳое, ки дар шакли панно буданд нақшаҳои марказии композитсияи онҳо иборат буданд: 1.наққошиҳои оддии якнавохт; 2.инъикоси гулдаста, даратон 3.бо шаклҳои густарда. Нақшу нигорҳо ба якчанд навъ тақсим мешуданд: дарахт, шох, шохсабз, барги карам, барги бед, бодом, анор, себ, нок, қаламфур, бастаҳои дарахтон ва растаниҳо. Ба унвони мисол «забони гулҳо» дар матоҳо рангу борсозии беруна набуда ин услуби романтики биниши ҷаҳон, ки мафҳуми зебоии ҷомеаро инъикос мекунад: гули лола, гули намошом, бунафша ва ғайра аз гунаи онҳо мебошанд. «Мурғобӣ», «шутур», «нусхаи каждум», «пари хурӯс», «каллаи хар», «шохи қӯчқор», «шох»; нақшаҳои муҳандисӣ, квадратҳо, доираҳо, хатҳои каҷу кулеб, ситораҳо, забонаҳо; предметҳои маишӣ – шона, гули коса, офтоба, корд, ситора, меҳроб, лаълӣ, табарча; ороиши ҷавоҳиротӣ – тӯмор, ҳалқа, занҷира; асбоб – доира, нағора, қушнағора, қушаки дутор ва билохира ҳаводиси табиӣ – «тиру камон», «баҳор», «чаман» ва ғайра.

Матоъҳои абрии Худжанд
Матоъҳои абрии Худжанд

Дар ҷаҳонбинии тоҷикон ранг дар ҷараёни ҷудошавии ҷомеа нақши мақсаднокеро ифо кардааст, ки ташаккули вазъи эҳсосӣ дарки ахлоқии гурӯҳҳо дифои ҷодуӣ мебошанд. Интиқоли рамзҳои рангӣ ва мафҳумӣ аз нигоҳи омилҳои мухталиф бунёди маъноӣ доранд: зард – якшанбе - офтоб – маҳсул: афлесун, ҷуворимакка – дарахт: хурмо, тут, ангур – рамзи баробарӣ, ростӣ, мураттабӣ, воқеият, воқеигароӣ, адолат; сабз – Душанбе – моҳ – гандум, ҷав, кадуча, бодринг, тарбуз – дарахт: ангур ва анор – рамзи оғози занона; сешанбе – сурх – миррих – чормағз, писта – дарахт: анор, ноки саҳроӣ, буттаи хорӣ; кабут – чоршанбе – меркурий – нахут, лӯбиё, зира ва ҷаъфарӣ – дарахт бо бӯи ғализ; сандалӣ – панҷшанбе – Муштарӣ – анор, себ, гандум, ҷав, нахут, чормағз – меваҳои дарахтон, шафтолу, анҷир, зардолу, нок – садбарг, гулҳо – рамзи нерӯи маҳсулофарини замин, никоҳ, ки мувозинати физикиро таъмин менамояд; сафед – ҷумъа – Зӯҳро – анҷир, ангур, хурмо, ҷав, шутурхор – дарахт; сарв, дуб, биҳӣ, себ – рамзи осмонӣ ва заминӣ, маънавӣ ва ҷисмонӣ; сиёҳ – шанбе – Зуҳал – чормағз, қаламфур, бед – дарахт, писта – образи инсон, рамзи пурборӣ, зебоӣ ва гармоникӣ, озодӣ, муҳаббат, ҳаловат, сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва таносуб ва ғайра.

Рангомезии нафиси матоҳо, ки ҳама гуна нурҳои офтобро дар худ доранд нурҳои наққошиҳо асоси ҳиссиёт ва ҳалли қисматбандӣ бо унсурҳои устувори нақшу нигорӣ ба гуногунрангии хусусияти гӯшаҳои ҳунари нассоҷӣ гувоҳӣ медиҳад. Дар матоҳои абрии Хуҷанд бештар рангҳои сурх, дар матоҳои бухорӣ бошад зарди қирмизӣ ва дар самарқандӣ бошад танҳо зард, ки дар онҳо рангҳои сиёҳ, сурх, сабз омехта гардидаанд ва дар матоҳои Қаротоғ рангҳои сабз, бунафш, кабут инъикос гардидаанд. Барои дастёбӣ ба рангомезиҳои ҳаммутобиқи матоҳо дар маҳлулҳои обии рангдор омезиш дода мешуданд: райҳон, испарак, пӯсти анор, тухмак, гули хайрӣ, нил, қирмиз истифода мешуданд. Дар охири асри Х1Х дар истеҳсоли матоҳои абрӣ рангҳои сунъӣ мавриди истифода қарор гирифтанд: рангҳои анилин ва ализарин мавриди истифода қарор гирифтанд. Рангҳои анилин, ки намудҳои на он қадар қавиро инъикос мекарданд сабаби бад шудани симои бадеии фаровардаҳои нассоҷӣ гардиданд.

Истеҳсоли саноатии матоҳои абрешимӣ дар асри Х1Х, истифодаи маводҳои нав, таҳияи наққошиҳои матоҳои мушкилгардида бо навъи ҷилваҳои гуногун бой гардида ба дигаргуншавии таъсирнокии матоъ ва тарзи он дучор гардид. Матоҳо бештар рангоранг ва бою ғанӣ буданд, аммо аз назари эстетикӣ дигаргун гардиданд.

Устоҳои нассоҷии қарни Х1Х ва ибтидои асри ХХ: Саидхоҷа Мирзохоҷаев, Мирамин Мирбоқиев, Содиқҷон Раҳимҷонов, Очилбой ӯрунов, Дадаҷон Ашӯров, Раҳматҷон Эргашов, Назрулло Аҳмадов, Эргаш Усаров, Ҳабиб Азимов ва чанде дигарон наққошиҳои матоҳоро бо унсурҳои «табдил» ва мавзӯъҳои гуногун бою рангин гардониданд. Дар даҳсолаҳои охири қарни ХХ мотивҳои: «Пирӯзӣ», «Ҳамроҳ», «Кайҳон», «Кремл», «Олимпиада», «Чашма», «Ҷашнӣ», «50-сол», «Шодиёна», «Гули баҳор», «Ҷонона», «Одмӣ», «Мурғобӣ», «Лола», «Гули намошом», «Гули шоҳмот» ва ғайра.

Новобаста аз ин ки қарни Х1Х давраи мушкилии санҷиш барои абрешимбофӣ мебошад, абрешим дар низоми фарҳанги маънавии мардуми тоҷик яке аз рамзҳои фарҳанг ба ҳисоб рафта, меъёри зебоиписандии муайяншуда ба ҳисоб меравад. Мо итминон дорем, ки намунаҳо аз нигораҳои матои абрешимӣ бо наққошиҳои абрӣ дар либоси тоҷикона «Осорхонаи» суннатии абрешими «Ардси-Сура»-и Институти илмӣ-тадқиқотии санъатшиносии Хуҷанд шуморо бо ҷодуҳои наққошӣ ва рангомезиҳои матоҳои абрӯии мардуми тоҷик дар қарни Х1Х ва ХХ ошно мегардонад.

Сарчашма[вироиш]

Ҳакимова Норӣ – директори осорхонаи «Ардви - Сура» (Хуҷанд, Тоҷикистон)