Саодатшо Матробиён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Саодатшо Матробиён
Таърихи таваллуд: 15 октябр 1973(1973-10-15) (50 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Ишкошим , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ: дотсент
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Матробиён Саодатшо Қосимзодаолим, омӯзгор, номзади илмҳои филологӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Матробиён Саодатшо Қосимзода 15 октябри соли 1973 дар деҳаи Даршайи ноҳияи Ишкошим таваллуд шудааст. Миллат тоҷик. Соли 1999 Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев, ихтисос филолог, муаллими забон ва адабиёти тоҷик, шарқшинос-забоншинос. Забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ (болуғат), донандаи забонҳои порсии қадим, авастоӣ ва порсии миёна аст.

Ў соли 1991 мактаби миёнаи №16-и ноҳияи Ишкошимро хатм мекунад. Худи ҳамон сол ба факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил мешавад. Сипас, ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев интиқол гирифта, факултети таъриху филологияи донишгоҳи мазкурро дар риштаи филологияи тоҷик хатм мекунад. Аз соли 1999 то 2000 коти би масъули рӯзномаи «Зиндагӣ»-и ноҳия Ишкошим адои вазифа намуда, солҳои 2000-2001 ба ҳайси ҷонишини директории мактаби миёнаи №16-и ноҳияи Ишкошим фаъолият менамояд. Солҳои 2001 – 2002 муҳассили курси интенсивии Барномаи англисии Хоруғи (KhorogEnglishProgram) назди Институти тадқиқотии Лондон мегардад. Солҳои 2002 – 2005 дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербурги Федератсияи Россия таҳсил менамояд. Соли 2005 рисолаи номзадиашро дар донишгоҳи зикршуда таҳти роҳбарии академик Иван Михайлович Стеблин-Каменский ҳимоя мекунад. Аз соли 2006 то соли 2009 мудири кафедраи Лингвистика ва коммуникатсияи байнифарҳангии Донишгоҳи байналмилалии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Моҳи августи соли 2009 декани факултети муносибатҳои байналмилалии Донишкадаи инноватсионӣ ва коммуникастияи Тоҷикистон таъйин мегардад. Аз моҳи январи соли 2011 дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улугзода ва аз моҳи апрели ҳамон сол мудири кафедраи мазкур интихоб гардида, то моҳи апрели соли 2014 дар ҳамин вазифа фаъолият намуд. Аз моҳи апрели соли 2014 то сентябри соли 2014 ба вазифаи сардори раёсати илм, инноватсия, аспирантура ва докторантура фаъолият мекунад. Ба сабаби анҷом додани кори докторӣ аз вазифаи мазкур баромада, аз моҳи сентябри соли 2014 то 19 июни соли 2017 докторанти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИҶТ ва ҳамзамон ба ҳайси дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улугзода фаъолият намуд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.06. 2015, № 411 муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст.

Матробиён С. Қ. номзади илмҳои филологӣ (2005), дотсент (2013) аст. Дар олами забоншиносии тоҷик ҳамчун чеҳраи шинохта бо назари интиқодии илмиаш муаррифӣ шудааст. Матробиён С. Қ. муаллифи 3 монография («Рӯзгор ва осори Мубораки Вахонӣ»(2010) ва «Лексикаи бозиҳои миллии вахонизабонон (очерки этнолингвистӣ)» (бо забони русӣ) (2012)), "Этнолингвистикаи тоҷик: пажӯҳиши назариявӣ ва амалӣ. Китоби 1. Асосҳои назариявии этнолингвистика ва тасвири ҷаҳон" (2022), 4 китоби дарсӣ «Забони тоҷикӣ (барои ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ)» (2009), «Забони тоҷикӣ (барои ихтисосҳои иқтисодӣ)» (2010), «Забони тоҷикӣ (барои ихтисосҳои иқтисодии низоми таҳсилоти кредитӣ)» (2011) ва «Забони тоҷикӣ (барои ихтисосҳои тарҷумонӣ, забонҳои хориҷӣ ва рӯзноманигорӣ)» (2013)), 5 барномаи таълимӣ ва мақолаҳои зиёди илмӣ буда, инчунин яке аз таҳиягарони “Фарҳангитафсирии забони тоҷикӣ” (2006, 2010), «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» (2017) «Фарҳанги ҷойномҳои миллӣ» (2018), «Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ» (2018) мебошад. Дар ҳоли ҳозир яке аз фарҳангҳои қадимиеро, таҳти унвони «Луғот-уш-шеър», инчунин, китобҳои дарсии «Муқаддимаи забоншиносӣ» ва «Таърихи забоншиносӣ»-ро ба чоп тайёр намудааст.

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст[1]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]