Машраб Файзулло
Файзуллоев Машраб Қурбоналиевич | |
Таърихи таваллуд | 4 декабр 1973 (50 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Балҷувон, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон, Федератсия Русия [1] |
Фазои илмӣ | иқтисод |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои иқтисод |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Ҷоизаҳо |
Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илму техника барои олимони ҷавон (2006) Аълочии маорифи Тоҷикистон |
Курбоналӣ Машраб Файзулло (Файзуллоев Машраб Қурбоналиевич; тав. 4 декабри 1973, Балҷувон, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисод (2012), профессор (2018). Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Курбоналӣ Машраб Файзулло хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1995) ва шунавандаи курсҳои такмили ихтисоси Маркази тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ (ЦПНПК МГУ) (1997). Дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии Маскав (1997—2000), Донишгоҳи байналмилалии бонкии Санкт-Петербург аз рӯйи ихтисоси «Идоракунии зиддибӯҳронии корхонаҳо» (2004) ва докторантураи Донишгоҳи давлатии иқтисод, омор ва информатикаи Москва (МЭСИ, 2009—2012), таҳсил намудааст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1995—1997 ба ҳайси ассистенти кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, соли 2006—2009 декани факултети таҳсили ғоибона ва мудири кафедраи «Менеҷменти инноватсионӣ»-и Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон кор кардааст. Аз моҳи январи 2013 ба сифати мудири кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намуд. Солҳои 2013—2015 мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон. Аз моҳи марти соли 2015 декани факултаи иқтисодии донишгоҳи мазкур мебошад. Солҳои 2006—2009 раиси Шӯрои олимону муҳаққиқони ҷавони Тоҷикистон, узви Шӯрои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва доктории назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Дар Ирландия (1997) ва Ҷопон (2003) такмили ихтисос намудааст.
Кор дар порлумон
[вироиш | вироиши манбаъ]1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд[2]. Шӯрои палатаи поёнии парлумон 14 декабри 2020 ӯро ба вазифаи раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон пазируфт[3].
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Таълифоти илмиаш 4 монография, беш аз 160 мақолаҳои илмӣ ва 15 китобу дастурҳои таълимӣ адад буда, дар конфронсҳои байналмилалии илмӣ дар шаҳри Москва, Санкт-Петербург, Минск, Красноярск, Қазон, Воронеж, Волгоград, Рязан, Грозный, Тараз ширкат варзидааст. Таҳти роҳбарии ӯ 7 аспиранту унвонҷӯён дар дохили кишвар ва берун аз он рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуданд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Барандаи Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илму техника барои олимони ҷавон (2006) буда ва бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Инновационный менеджмент: методическое пособие. — Душанбе: ИЭТ, 2009;
- Инновации и венчурное инвестирование: тенденции и практика: монография. — М.: МЭСИ, 2010;
- Основы формирования национальной инновационной системы Монография: — Душанбе: Ирфон, 2015. — 354 с.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Указ Президента Российской Федерации о приёме в гражданство Российской Федерации(тоҷ.). www.Kremlin.ru. 3 октябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ Файзуллоев Машраб Қурбоналиевич(тоҷ.). www.parlament.tj. 2 апрели 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 августи 2020.
- ↑ Аваз Юлдошев. Профессор Машраб Файзуллоев Кумитаи иқтисод ва молияи парлумонро ба роҳбарӣ гирифт. asiaplustj.info. ASIA-Plus (14 Декабри 2020). 23 ноябри 2021 санҷида шуд.
- Зодагони 4 декабр
- Зодагони соли 1973
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Балҷувон
- Докторони улуми иқтисод
- Олимон аз рӯи алифбо
- Иқтисоддонҳо аз рӯи алифбо
- Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI
- Олимони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо