Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

МАҚБАРАИ МАВЛОНО ТОҶИДДИН - ёдгории таърихӣ, ормгоҳи Мавлоно Тоҷиддини Даштикулакӣ. Дар масофа 4 км дуртар аз самти шимолии шаҳраки Данғара дар болои теппае дар деҳаи Корез воқеъ гаштааст. Дар ибтидо мақбара аз хишти хоми андзааш 21х21х4см сохта шуда буд. Баъдан дар асрҳои 14 – 15 аз хиҳти пухтаи андозааш 21х21х4см аз нав бино карда шуд. Мақбара аз ду қисм: бино ва сағонаи зеризаминӣ иборат аст. Сағона пӯшиши балхӣ дошта, ҳаҷман аз мақбара хурдтар аст.: баландиаш 150см. Дар он марқади Мавлоно Тоҷиддин, ҳамсараш ва фарзандаш воқеъ гаштааст. Дар бинои мақбара низ 3 турбати хиштӣ гузошта шудааст. Мақбара шакли мураббаъ(5,12х5,15м аз дарун ва 9,05х8,17м аз берун) дорад Бинои гӯрхона дар асоси тарҳи анъанавии мақбараву маъбадҳои пешазисломӣ (чортоқи зардуштӣ) сохта шудааст. Хиштҳо дар деворҳо дар маҳлули гилхок дар ҳолати хобида ва дар пайвастагӣ юо ҳамдигар гузошта шудаанд. Дари даромад, тоқҳо ва аркҳо шакли пайконӣ доранд. Ҳар чор таафи бино дар лорад; дари даромади асосӣ, ки пештоқи начандон калон дорад, дар девори шарқӣ ҷойгир аст. Деворҳои ғарбӣ, шимолӣ ва ҷанубиро жарфии П-монанд оро медиҳад. Намои асосӣ пешайвони андозааш 3,17х0,92м, жарфии П-монанди нисбат ба дигар намоҳо хурдтар дорад. Дар девори шарқӣ аз дохили мақбара 2 зинаи морпеч барои баромадан ба боли гунбаз сохта шудааст. Зинаҳои морпеч дар болои бом пӯшиши равоқӣ доранд. Гунбаз бар устувонаи болои чаҳортоқи дубағалаи кунҷҳо ва тоқчаи дубағалаи аз чапу рости тоқҳои бузург сохта қарор гирифтааст. Мақбара хеле хароб шуда буд. Соли 1987 аз ҷониби Идораи давлатии ҳифзи ёдгориҳои Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор гирифт. Лоиҳаи таъмиру тармими гунбаз, сардар ва девори ҷанубӣ тартиб дода (меъморон Н. Валиев ва З. Ҳасанов), онҳо бо таҳкурсии хишту бетон сохта шуданд. Гунбаз бо тунукаи сафеди зангногир рӯкаш гардид. Соли 1987 бо дастури Президнти ҶТ Э. Раҳмон гирдогирди мақбара бо пешайвони сутундор зиннат дода шуд.