Мақсудҷон Болтуев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Мақсудҷони Танбӯрӣ
Мақсудҷон Болтуев
Таърихи таваллуд 1890
Зодгоҳ Хуҷанд
Таърихи даргузашт 1974
Пеша(ҳо) мутриб

Мақсудҷон Болтуев (машҳур ба Мақсудҷони Танбӯрӣ, с.тав. 1890, Хуҷанд, ваф. 1974, Регар), мутриб — танбӯрӣ, ҳофиз-оҳангсоз, Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1947).

Зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии Мақсудҷон Болтуев дар ҳавзаи иҷроии Хуҷанд сурат гирифта, аз намояндагони номвари мактаби иҷроӣ ва шогирди Содирхон (1847-1931) буда, аз с. 1908 зери сарпарастии ӯ сознавозӣ, овозхонӣ андӯхтааст. Мақсудҷон Болтуев с. 1919-1920 дар гурӯҳи театрӣ-драмавии мактаби Беҳбудӣ ҳунар омӯхта, дар барномаҳои иҷроӣ фаъолона ширкат дошт. Оҳангсозон Прокофьев Е., Зубков Н. (1946) дар иҷрои Мақсудҷон Болтуев намунаҳои таснифоти Содирхонро сабт намуда, дар шакли маҷмӯаи хоса ба нашр расонидаанд. Зиндагию фаъолияти эҷодии минбаъдии Мақсудҷон Болтуев аз 1940 дар ш. Душанбе, Регар ҷараён гирифта, иштирокдори даҳаи санъати ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон (1944, Тошканд) буда, бо барномаҳои консертӣ ҳунаророӣ (солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ) кардааст. С. 1960-1963 дар дастаи ҳунарварони Кумитаи давлатии радио ва телевизиони назди Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон хидмат намуда, ба сарояндагон Искандаров Ҷ., Ниёзов Б., Исҳоқова Б. сабки иҷроии Содирхонро омӯзонида, таснифоти иҷронамудаашро ба хазинаи радиои тоҷик сабт кардааст. Мақсудҷон Болтуев барои хидматҳои шоиста дар нигаҳдошт, тарғиби мероси мусиқии устодонаю мардумӣ маҳорати баланди иҷроӣ ба ифтихорномаҳои ҶШС Тоҷикистон мушарраф гардидааст.

Адабиёт[вироиш]

Таджикское искусство, М., 2002; Таджикс-кая музыка, Душ., 2003; Ҳакимов Н. «Шашмақом» дар асри ХХ, Хуҷанд, 2006.[1]

Ҳамчунин нигаред[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 45 ISBN 978-99947-49-13-3