Мақсудҷон Мирмуллоев
Мақсудҷон Мирмуллоев | |
Таърихи таваллуд | 1913 |
Зодгоҳ | Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 12 апрел 1996 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих |
Ҷойҳои кор | Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров |
Мақсудҷон Мирмуллоев — олим муаррих, номзади илмҳои таърих (1956), дотсент (1962), корманди ҳизбӣ, Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Кировро хатм кардааст (1941). Котиб, тарҷумон, ҳамзамон муаллими техникуми кооперативӣ, тарҷумони Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров (1936-1937), Соли 1941 ба сафи Артиши Сурх даъват шуда, дар муҳорибаҳои назди Маскав иштирок кардааст. Соли 1942 мудири шуъбаи тарғиботи кумитаи шаҳрии ҲК ҶШС Тоҷикистон (1942-1945), директори Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров (1945-1946), котиб, котиби дуюми кумитаи вилоятии ҲК ҶШС Тоҷикистон (1946-1950), ҷонишини аввали раиси идораи санъати назди Вазорати маорифи ҶШС Тоҷикистон, раиси кумитаи радиошунавонии ҷумҳурӣ (1950-1953), директори ДДОД ба номи Т.Г.Шевченко, ҷонишини директори Пажӯҳишгоҳи таърихи ҳизби назди КМ ҲК ҶШС Тоҷикистон (1953-60), директори нашриёти давлатии ҶШС Тоҷикистон (1960-1962), дотсенти кафедраи таърихи БХДТТ (1962-1985) шуда кор кардааст. Муаллифи асарҳои илмӣ оид ба масъалаҳои мустаҳкам кардани ҳокимияти давлатӣ дар ҶШС Тоҷикистон ва дӯстии халқҳо мебошад. Вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 3-5) буда, бо ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, Ҷанги Ватании дараҷаи якум, ордени Шараф (дараҷаи сеюм), ду ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.[1]
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- А.Бобокалонов, Ҳ.Холҷӯраев, Ш.Шарипов. Роҳи пуршараф: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 80 сол. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2012. – 500 с.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages which use a template in place of a magic word
- Зодагони соли 1913
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Хуҷанд
- Даргузаштагони 12 апрел
- Даргузаштагони соли 1996
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Номзадҳои улуми таърих
- Олимон аз рӯи алифбо
- Таърихшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон