Маҳбас

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Маҳбас — ҷоест, ки дар ои мардоне, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин ба мӯҳлати зиёда аз даҳ сол ба маҳрум сохтан аз озодӣ ва ё дар ҳолатҳои ретсидиви махсусан хавфнок маҳкум шудаанд, қисми мӯҳлати ҷазои таъйиншуда, вале на зиёда аз панҷ соли онро адо мекунанд, инчунин маҳкумшудагоие, ки ба маҳбас барои вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомҳои умумӣ, пурзӯр, сахт ва махсус ба мӯхдати то се сол гузаронида шудаанд, нигоҳ дошта мешаванд.

Дар маҳбасҳо низомҳои умумӣ ва сахт муқаррар карда мешаванд. Дар низоми сахт маҳкумшудагоне, ки ба ҳамин маҳбасҳо дохил шудаанд ва маҳкумшудагоне, ки аз низоми умумӣ гузаронида шудаанд, нигоҳ дошта мешаванд. Маҳкумшудагон дар маҳбас дар камераҳои умумии қулфшаванда нигоҳ дошта мешаванд. Дар ҳолатҳои зарурй бо қарори асосноки сардори маҳбас ва розигии прокурори дахлдор маҳкумшудагон метавонацц дар камераҳои яккаса нигоҳ дошта шаванд. Инчунин дар алоҳидагй ва аз якдигар ҷудо маҳкумшудагони зерин нигоҳ дошта мешаванд: маҳкумшудагоне, ки аз колонияҳои ислоҳӣ гузаронида шудаанд; маҳкумшудагоне, ки дар маҳбас барои иҷрои корҳои хизматрасонии хоҷагй мононда шудаанд. Гаштугузори маҳкумшудагоне, ки дар маҳбас нигоҳ дошта мешаванд, тибқи нақша, рӯзона, дар фазои кушод, дар қисми махсус таҷҳизонидашудаи ҳудуди маҳбас, ҳар як камера дар алоҳидагй гузаронида мешавад. Ба маҳкумшудагоне, ки дар маҳбаси низоми умумй мебошанд, иҷозат дода мешавад, ки:

  • маблағи дар ҳисобномаҳои шахсӣ доштаашонро барои хариди озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз бе маҳдудият харҷ намоянд;
  • дар тӯли сол ду мулоқоти кӯгоҳмуддат ва ду мулоқоти дарозмуддат дошта бошанд;
  • бе махдудият фирисгода, дастовез ва баста гиранд;
  • аз гаштугузори ҳамарӯза бо давомнокии ду соат истифода баранд.

Ба маҳкумшудагоне, ки дар маҳбас дар низоми сахт қарор доранд, иҷозат дода мешавад, ки:

  • барои харидории озуқаворй ва маводи мавриди ниёз маблаги дар ҳисобномаҳои шахсӣ доштаашонро бе маҳдудият харҷ намоянд;
  • бе маҳдудият фиристода, дасговез ва басга гиранд;
  • дар тӯли сол ду мулоқоти кӯтоҳмуддат дошта бошанд;
  • аз гаштугузори ҳамарӯза бо давомнокии як соат истифода баранд. [1]

Нигаред[вироиш]

Манбаъ[вироиш]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 281-282