Маҳбуба Неъматзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Маҳбуба Неъматзода
Маҳбуба Неъматзода
Санаи таваллуд:

7 феврал 1949(1949-02-07) (70 сол)

Зодгоҳ:

Душанбе

Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият:

рӯзноманигор, шоир

Солҳои эҷод:

1971 -

Забони осор:

тоҷикӣ

Маҳбуба Неъматзодарӯзноманигор, шоир. Аз соли 1978 узви Иттифоқи журналистон ва аз соли 1998 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш]

Маҳбуба Неъматзода 7 феврали соли 1949 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Пас аз хатми шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, дар тӯли солҳои 1971-1992, дар идораи рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» (ҳозира «Анбоз»), маҷаллаҳои «Фирӯза» ва «Чашма» ба сифати хабарнигор, ходими адабӣ ва мудири шуъба ифои вазифа намудааст. Дар солҳои 1996-2000 дар рӯзномаи «Овози Самарқанд» ва ҳафтаномаи бачагонаи «Оина» фаъолият намудааст. Солҳои 2002-2009 дар радиои «Садои Хуросон»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сифати гузоришгар ва гӯянда кор кардааст. Ӯ бо шавҳараш Ҳазрат Сабоҳӣ ҳоло дар шаҳри бостонии Самарқанд зиндагӣ ва фаъолият мебарад.

Эҷодиёт[вироиш]

Шеъру ҳикоя ва навиштаҳои Маҳбуба Неъматзода ҳанӯз дар овони таҳсилаш дар мактаби миёна дар рӯзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистон ба табъ мерасиданд. Нахустин маҷмӯаи ашъораш «Борони баҳорӣ» (1980) ба хонандагони хурдсол манзур гардидааст. Китобҳои шеъру ҳикоя ва афсонаҳояш «Духтари заргар» (1990), «Меҳрубон» (1997), «Таваллудат муборак» (1998), «Бонуи бобо» (2000), «Гиря кунам ё ки на?» (2006), «Модари ҷон, модарам» (2012), «Боғи Шамол» (2013) аз тарафи наврасону ҷавонон хуб пазируфта шудаанд.[1]

Сарчашма[вироиш]

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 163 ISBN 978-99947-2-379-9