Маҳдӣ Ахавони Солис

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Маҳдӣ Ахавони Солис
Сурат
Санаи таваллуд:

1928[1]

Мамлакат:
Санаи марг:

26 август 1990(1990-08-26)[1]

Commons-logo.svg Маҳдӣ Ахавони Солис дар Викианбор

Ахавóни Солис Маҳдӣ (форсӣ: مهدی اخوان ثالث‎) таваллуд (1928, Машҳад, Эрон24 августи 1990, Теҳрон, мадфун дар Тус, Эрон) — шоири эронӣ.

Зиндагинома

Ҳунаристони фан­нӣ (техникӣ)-ро хатм кардааст. Дар рустоҳо муаллим, мудири дабистон буд. Бо матбуот, радио ва телевизион, Бунёди фарҳанги Эрон ҳамкорӣ мекард, вале машғулияти доимиаш сурудани шеър буд. Бо тахаллуси «М. Умед» шеър мегуфт.

Эҷодиёт[вироиш]

Маҷмӯаи нахустинаш «Арғанун» (1951). Баъдан, маҷмӯаҳои ашъораш – «Зимистон» (1957), «Охири Шоҳнома» (1959), «Аз ин Авесто» (1965), «Шикор» (1966), «Поиз дар зиндон», «Беҳтарин умеду ошиқонаҳо ва кабуд» (ҳар ду 1969), «Баргузидаи ашъор» (1970) ва ғайра ба табъ расиданд. Чанде аз осори арӯзшиносони арабро ба форсӣ тарҷума ва чоп кардааст. Роҷеъ ба сабки Нимо Юшиҷ бо номҳои «Бидъатҳо ва бадоеи Нимо Юшиҷ», «Шеваи нави нимоӣ дар шеъри форсӣ» рисолаҳо нигоштааст.

Сабк[вироиш]

Ахавони Солис дар ибтидои роҳи эҷод ба сабки хуросонӣ, шеъри суннатӣ, гароише дошт, баъдан ба сабки нимоӣ рӯй овард. Дар даврони камолоти эҷодӣ дар навиштаҳояш то андозае бозгашт ба сабки хуросонӣ бо омезиш ба сабки нимоӣ ба назар мерасад. Ахавони Солис шеъри суннатии форсии тоҷикиро бо «шеъри нави нимоӣ» оштӣ дода, дар ин ҷода сабки хешро ба вуҷуд овардааст. Дар ашъори дар пайравӣ аз «шеъри нав» гуфтааш мавзӯъ ва мазмунҳои иҷтимоӣ, образу истиороти маҷозии сиёсӣ ва иҷтимоӣ мавқеи муҳим доранд. Як ҷиҳати басе ҷолиб дар эҷодиёти Ахавони Солис ҳунари шоирии ӯ корбурди бамавқеи вожаҳо, забони форсиро хуб донистанаш мебошад. Ахавони Солис дар байни шоирони муосири тоҷик пайравон дорад; дар саҳифаҳои матбуот шеърҳояш ба табъ расидаанд. Баъзе шеърҳояшро ҳофизони тоҷик ба оҳанг дароварда мехонанд (шеъри «Ҳамин аз ғам на танҳо чашми хунполои ман гиряд» дар иҷрои Ҷ. Муродов).[2]

Шеърҳо[вироиш]

БА ДИДОРАМ БИЁ ҲАР ШАБ


 Ба дидорам биё ҳар шаб,
Дар ин танҳоии танҳову торики Худо монанд,
Дилам танг аст.
Биё, эй рӯшан, эй рӯшантар аз лабханд
Шабамро рӯз кун дар зери сарпӯши сиёҳиҳо
Дилам танг аст.
Биё, бингар, чи ғамгину ғарибона
Дар ин айвони сарпӯшида ва ин толоби моломол
Диле хушкардаам бо ин парастуҳову моҳиҳо
Ва ин нилуфари обиву ин толоби маҳтобӣ
Биё, эй ҳамгуноҳи ман дар ин барзах
Биҳиштам низу ҳам дӯзах
Ба дидорам биё, эй ҳамгуноҳ, эй меҳрабон бо ман,
Ки инон зуд мепӯшанд рӯ дар хобҳои бегуноҳиҳо
Ва ман мемонаму бедоди бехобӣ
Дар ин айвони сарпӯшидаи матрук
Шаб уфтодасту дар толоби ман дерест,
Ки дар хобанд он нилуфари обиву моҳиҳо, парастуҳо.
Биё имшаб, ки бас торику танҳоям,
Биё, эй рӯшанӣ, аммо бипӯшон рӯй,
Ки метарсам, туро хуршед пиндоранд
Ва метарсам, ҳама аз хоб бархезанд
Ва метарсам, ки чашм аз хоб бардоранд.
Намехоҳам, бибинад ҳеч кас моро,
Намехоҳам, бидонад ҳеч кас моро.
Ва нилуфар, ки сар бармекашад аз об,
Парастуҳо, ки бо парвозу бо овоз
Ва моҳиҳо, ки бо он рақси ғавғоӣ
Намехоҳанд, бифаҳмонанд, бедоранд.
Шаб уфтодасту ман танҳову торикам
Ва дар айвону дар толоби ман, дерест дар хобанд
Парастуҳову моҳиҳо ва он нилуфари обӣ.
Биё, эй меҳрабон бо ман!
Биё, эй ёди маҳтобӣ![3]

Сарчашма[вироиш]

  1. 1.0 1.1 Немецкая национальная библиотека, Берлинская государственная библиотека, Баварская государственная библиотека и др. Record #119238284 // Общий нормативный контроль (GND) — 2012—2016.
  2. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.131 / О. Хоҷамуродов.
  3. МАЗМУН - СУХАН САРДАФТАРИ ДЕВОНИ ИШҚ АСТ — МАҲДӢ АХАВОНИ СОЛИС
  • История персидской литературы XIX–XX веков. М., 1999.