Jump to content

Маҳдӣ Ҳамидии Шерозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳдӣ Ҳамидии Шерозӣ
Таърихи таваллуд: 5 май 1914(1914-05-05)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1 июл 1986(1986-07-01) (72 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, адиб, тарҷумон, нависанда
Забони осор: форсӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Маҳдӣ Ҳамидии Шерозӣ (форсӣ: مهدی حمیدی شیرازی‎; 5 май 1914, Шероз1 июл 1986, Теҳрон) — адиб, шоир, устоди донишгоҳ, тарҷумон ва мунтақиди эронӣ. Аз машҳуртарин сурудаҳои ӯ метавон ба «Марги қӯ» ва «Дар амвоҷи Синд» ишора кард.

Ӯ аз мунтақидони машҳури навгароӣ ва шеъри нимоӣ буд ва осори худро дар чорчӯби адабиёти классикӣ месуруд.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Маҳдӣ Ҳамидии Шерозӣ соли 1293 хуршедӣ (1914 милодӣ) дар Шероз ба дунё омад. Падараш, Сайид Муҳаммадҳасан Сиқатулислом, аз бозаргонони маъруфи Шероз буд, ки дар давраҳои аввали Маҷлиси Шӯрои Миллӣ аз он шаҳр ба намояндагӣ интихоб гардид. Модараш, бону Сакина Оғозӣ Арсанҷонӣ, аз хонадони Иброҳимии Арсанҷон ва аз зумраи занони босаводу шоир ба шумор мерафт, ки аввалин мактаби духтаронаро дар Шероз бо номи «Иффатия» бино ниҳод ва барои таҳсили духтарон замина фароҳам овард.

Беш аз ду солу ним надошт, ки падараш даргузашт ва тарбияти ӯ ба модараш муҳаввал шуд. Таҳсилоти ибтидоиро дар мадрасаи Шуоия ва давраи мутавассита дар дабиристони Султонии Шероз ба поён расид ва дар соли 1313 барои идомаи таҳсилот ба Теҳрон омад ва ба Донишсарои олӣ дохил шуд. Дар соли 1316 дар риштаи адабиёти форсӣ бо рутбаи аввал ба ахзи лисонс ноил гардид. Шеърсароиро аз ҳудуди соли 1317 шурӯъ кард.

Ҳамидӣ пас аз ахзи лисонс ба кормандии идораи фарҳанг даромад ва барои анҷоми хидмати сарбозӣ ба Теҳрон муроҷиат кард ва ба донишкадаи афсарӣ ворид шуд ва як сол баъд бо дараҷаи ситвони дувумӣ барои хидмати афсарӣ ба Шероз баргашт. Ӯ дар соли 1325 аз Донишгоҳи Теҳрон дар риштаи забон ва адабиёти форсӣ муваффақ ба ахзи дуктуро шуд сипас ва дар донишкадаи Илоҳиёт ба тадрис машғул шуд. Ҳамидӣ солҳо дар Донишгоҳи Теҳрон ба тадриси забон ва адабиёти форсӣ машғул буд.

Дар даҳаи аввали ҳаёти шоиронаи Ҳамидӣ дар аволими отифӣ ва руъёҳои айёми ҷавонӣ гузашт бинобарин мавзӯи шеъраш умуман ишқ ва ғазал буд. Дар се маҷмӯаи пуршӯр ва отифии вай яъне Шукуфаҳо, Пас аз як сол ва Ашки маъшуқ тамоюли равшане ба сабки хуросонӣ нишон додааст. Аввалин маҷмӯаи шеърашро дар соли 1321 бо унвони «Аз ёд рафта» мунташир кард, ки тамоман дар қолаби ғазал буд.

Ҳамидӣ шоире буд, ки дар ҷабҳаи мухолифи Нимо Юшиҷ ва навгароён истод ва дар поёни соли 1321 дувумин дафтари шеърашро ба номи «Исён» чоп кард.

Ҳамидӣ дар соли 1324 қасидаи «Мусоҳиба бо Нимо пешвои навпардозон»-ро мунташир карда буд, ки дар ҷабҳаи шуарои классик ва мухолифони Нимо Юшиҷ ӯро дар сафи аввал қарор дод. Ӯ баъд аз шаҳривари 1320 бо қасоиди ҳамосивор пиромуни шароити нобасомони сиёсӣ ва иҷтимоии Эрон ва дар ҳамла ба ишғолгарони бегона ва ҷудоихоҳони Озарбойҷон, мавриди таваҷҷуҳи хос ва ом воқеъ шуд ва ба ӯ лақаби «Шоири миллӣ» дода буданд.

Пас аз соли 1324 тадриҷан гароише ба мазомини иҷтимоӣ ва ватанӣ ва таърихӣ пайдо кард. Аз дафтарҳои шеъри ин давра аз кор ва шоирии Ҳамидӣ, маҷмӯаи Солҳои сиёҳ бештар ҳовии ашъори ватанӣ, сиёсӣ ва интиқодӣ ва «Тилисми шикаста» шомили ашъори вай аст, ки дар шеваҳои нав ва саранҷом «Замзамаи биҳишт» мароҳили бартаре аз пухтагии шеъри вайро нишон медиҳад ва ӯро аз устодони шеър дар рӯзгори худ муаррифӣ мекунад.

Намунаи ашъор

[вироиш | вироиши манбаъ]
Марги қӯ

Шунидам, ки чун қӯи зебо бимирад,
Фиребанда зоду фиребо бимирад.
Шаби марг танҳо нишинад, ки мавҷе,
Равад гӯшае дуру танҳо бимирад.
Дар он гӯша чандон ғазал месарояд,
Ки худ дар миёни ғазалҳо бимирад.
Гурӯҳе бар инанд, к-ин мурғи зебо,
Куҷо ошиқӣ кард, онҷо бимирад.
Шаби марг аз бим онҷо шитобад,
Ки аз марг ғофил шавад, то бимирад.
Ман ин нуктагирам, ки бовар накардам,
Надидам, ки қӯе ба саҳро бимирад.
Чу рӯзе аз оғӯши дарё барояд,
Шабе ҳам дар оғӯши дарё бимирад.
Ту дарёи ман будӣ, оғӯш во кун,
Ки мехоҳад ин қӯи танҳо бимирад.