Jump to content

Маҳингул Назаршоева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳингул Назаршоева

Маҳингул Назаршоева (зод. 4 январи 1955, деҳаи Баррӯшон, ноҳияи Рӯшон) — ҳунарпешаи театр ва раққоса, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2000), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2011).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода (1976). Аз ҳамон сол дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи ш. Хоруғ фаъолият дорад, 1996—2000 директори он буд. Аз соли 2001 роҳбари бадеии ансамбли фолклорӣ-этнографии «Помир»-и назди ҳамин театр мебошад. Дар саҳнаи театри номрафта қариб чил нақш бозидааст, образҳои драмавӣ, фоҷиавӣ ва мазҳакавиро баробар меофарид. «Модар нигарон аст», «Сиёвуш», «Ашрофпараст», «Ҷои сердаромад», «Анкело», «Духтари холаам» барин намоишномаҳо бо иштирокаш рӯи саҳна омадаанд.[1]

Меҳр ба  рақс  ва  малакаи саҳнавӣ гардондани онҳоро дар дили Маҳингул Назаршоева  балетмейстри шинохта Мамадназар Отамов, ки дар ансабли «Помир» ва сипас солиёни зиёд дар театри Хоруғ кор кард, ҷо додааст[2].

Ӯ барои барномаҳои консертии театр чандин сюитаҳои рақсии оммавӣ ва якка таҳия сохтааст.

  1. Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
  2. Ш. Мирзоҷалол. МАҲИНГУЛ НАЗАРШОЕВА: « МЕХОҲАМ МАКТАБИ ХАЛҚИИ РАҚС ТАЪСИС ДИҲАМ». peshina.bonuvon.tj. Бонувони Тоҷикистон (5 апрели 2011). 29 май 2025 санҷида шуд.