Маҳмадалӣ Муҳаммадиев
| |
Таърихи таваллуд: | 10 март 1946 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | 7 январ 2021 (74 сол) |
Маҳалли марг: | |
Касб: | ҳунарпешаи театр, ҳунарпешаи синамо |
IMDb: | ID 0611485 |
Маҳмадалӣ Муҳаммадиев (10 март 1946, ноҳияи Дарвоз, Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон — 7 январ 2021, Душанбе) — ҳунарпешаи театру синамо. Узви Иттиҳодияи синамогарони ИҶШС (1982)[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Маҳмадалӣ Муҳаммадиев, 10 марти соли 1946 дар деҳаи Хушарваки ноҳияи Дарвоз ба дунё омадааст. Хатмкардаи Институти театру кинои Маскав (1971) аст. Дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ва Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов кор карда, як силсила нақшҳо офаридааст.
Синамо
[вироиш | вироиши манбаъ]Маҳмадалӣ Муҳаммадиев дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои филмсозии собиқ ҷамоҳири шӯравӣ дар филмҳои зиёде нақш офаридааст. Нақшҳои ӯ дар филмҳои бадеии «Одам пӯсташро иваз мекунад», «Шикори охирин» («Тоҷикфилм»), «Хайр кабудии тобистон», «Тали мамнӯъ» («Узбекфилм»), «Ситораҳо дар шаб», «Соя» («Туркманфилм») ва чандин филмҳо дар Маскаву Кишинев басо ҷолибанд. ӯ дар филмҳо ва намоишномаҳои телевизонии ватанӣ аз қабили «Парвози хушдоманам», «Сабзабаноз», «Қисмат», «Фиреби хаёл», «Шифо», «Чакидаҳо» ва ғайра низ нақшҳои хотирмон бозидааст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Барандаи чандин ҷоизаҳои байналмилаливу миллӣ дар бахши синамо буд.
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Маҳмадалӣ Муҳаммадиев субҳи 7 январи соли 2022, бар асари беморӣ дар сини 76-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт[2].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Эльбаум Г., Рахимов С. Энциклопедия кино Таджикистана. — Душанбе: «ЭР-граф», 2012. — С. 157. — 396 с. Бойгонӣ шудааст 27 июли 2021 сол. нусхаи бойгонӣ. 7 Январ 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 июли 2021.
- ↑ Даргузашти ҳунарманди саршиноси театру синамо Маҳмадалӣ Муҳаммадиев. asiaplustj.info. ASIA-Plus (7 Январ 2022). 7 Январ 2022 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages using the JsonConfig extension
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 10 март
- Зодагони соли 1946
- Зодагони ноҳияи Дарвоз
- Даргузаштагони 7 январ
- Даргузаштагони соли 2021
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Ҳунарпешагони хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон
- Феҳристи ҳунарпешагон
- Ҳунарпешаи театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ
- Ҳунарпешаи театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов
- Аъзои Иттифоқи синамогарони ИҶШС
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон