Маҳмадназар Ҷамшедов
Маҳмадназар Ҷамшедов | |
|---|---|
| | |
| Таърихи таваллуд | 25 июни 1954 |
| Зодгоҳ | Падаск, ноҳияи Масчо, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон |
| Таърихи даргузашт | 15 сентябри 2026 (72 сол) |
| Маҳалли даргузашт | Душанбе |
| Кишвар |
|
| Фазои илмӣ | иқтисод, тиҷорати байналмилалӣ |
| Ҷойҳои кор | Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон |
| Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои иқтисод |
| Унвонҳои илмӣ | дотсент |
| Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
| Ҷоизаҳо | Аълочии кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Маҳмадназар Ҷамшедов (зод. 25 июни 1954, деҳаи Падаск, ноҳияи Масчо) — иқтисоддони тоҷик, доктори илмҳои иқтисод (2019).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Маҳмадназар Ҷамшедов 25 июни соли 1954 дар деҳаи Падаскии ноҳияи Масчоҳ таваллуд шудааст. Соли 1970 мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 4-и зодгоҳашро хатм карда, сипас дар техникуми кооперативии шаҳри Хуҷанд таҳсил кардааст. Соли 1978 факултети иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисоди савдо хатм намудааст.
Соли 2000 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Бозори минтақавии молҳои истеъмолӣ: роҳҳои ташаккул ва мӯътадилгардонии он (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» дифоъ намудааст.
Соли 2019 рисолаи докториро дар мавзӯи «Рушди иҷтимоию иқтисодии бозори молҳои истеъмолӣ дар Тоҷикистон: назария, методология, амалия» дифоъ кардааст[1].
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Маҳмадназар Ҷамшедов фаъолияти кории худро дар соҳаи савдо ва кооператсияи матлубот оғоз намуда, дар солҳои гуногун дар Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Аз соли 2023 то ҳоло иҷрокунандаи вазифаи профессори кафедраи иқтисоди ҷаҳонии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мебошад.
Таълифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Маҳмадназар Ҷамшедов муаллифи 3 китоби дарсӣ, 2 монография, 2 луғати истилоҳоти иқтисодии русӣ-тоҷикӣ, 3 восита ва дастури таълимию методӣ, муҳаррири беш аз 10 китобу тазкираҳодар бораи фаъолияти илмиву омӯзгории олимони ҷумҳурӣ, инчунин беш аз 200 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ дар соҳаҳои савдо, хӯроки умумӣ, фаъолияти соҳибкорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои бозори молҳои истеъмолии Тоҷикистон мебошад.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Луғати истилоҳоти иқтисодӣ (русӣ — тоҷикӣ) (1999, 2010).
- Бозори молҳои истеъмолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003).
- Тиҷорати байналмилалӣ (Китоби дарсӣ, 2007).
- Иқтисоди корхонаҳои савдо (2015, 2024).
- Социально-экономическое развитие рынка потребительских товаров в Таджикистане: теория, методология, практика (Монография, 2019).
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аълочии кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003)[2].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Защита Джамшедова Махмадназара. vak.tj. 7 июли 2026 санҷида шуд.
- ↑ Кормандони кафедра. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон. 7 июли 2026 санҷида шуд.