Jump to content

Маҳмадулло Лутфуллоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳмадулло Лутфуллозода
Маҳмадулло Лутфуллоев
Таърихи таваллуд 15 май 1935(1935-05-15) (89 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Данғара, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ омӯзгорӣ
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Вазорати таълиму тарбия дар Афғонистон, Академияи илмҳои педагогии Тоҷикистон (АТТ)
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Ҷоизаҳо Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997). Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (2008), Аълочии маорифи Тоҷикистон (1980)

Маҳмадулло Лутфуллоев (Маҳмадулло Лутфуллозода; 15 майи 1935, ноҳияи Данғара) — омӯзгор, донишманди маъруф ва ходими ҷамъиятӣ, доктори илмҳои педагогӣ (1990), профессор (1994), академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (2003). Аълочии маорифи Тоҷикистон (1980), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997). Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (2008).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Маҳмадулло Лутфуллоев 15 майи 1935, дар деҳаи Бошбулоқи ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии педагогии Тоҷикистон ба номи Т. Г. Шевченкоро (1959) хатм намуда, ба фаъъолияти омӯзгорӣ шурӯъ менамояд. Муаллими мактаби миёна, ходими адабии маҷаллаи «Мактаби советӣ» (1961), ассистент, муаллими калон, дотсент, мудири кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ, декани факултети педагогикаи Донишкадаи давлатии педагогии Тоҷикистон ба номи Т. Г. Шевченко (1961—1978), мушовири вазири таълиму тарбия дар Афғонистон (1978—1984). Директори Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ (1985—2002), аввалин президенти Академияи илмҳои педагогии Тоҷикистон (АТТ) (2002—2008).

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Маҳмадулло Лутфуллоев тариқи таълиф ва нашри асарҳои арзишманди илмӣ ба мисли «Педагогикаи шафқат», “Пандномаи Аҷам”, «Дидактикаи муосир», “Шарафномаи миллат”, “Тоҷикистон - Ватанам, ифтихорам”, “Тоҷикистони соҳибистиқлол ва масъалаҳои тарбия”, “Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Асосҳои таълим”, “Фарзанд - ҳадяи Худованд”, “Дастури фаъолияти омӯзгор”, “Инсон ва тарбия”, “Аввал андеша, в-он гаҳ гуфтор”, “Педагогикаи миллии халқи тоҷик” ва даҳҳо асарҳои дигар имрӯз китоби рӯйимизии омӯзгорон, донишҷӯён, аспиранту докторантҳо мебошанд. дар таҳияи муҳимтарин ҳуҷҷатҳои давлатии соҳаи маориф саҳмгузор мебошад.[1] Муаллифи бештар аз 290 асари илмию таҳқиқотӣ ва бештар аз 620 мақолаҳри илмию методӣ ва оммавӣ мебошад.

  • Алифбо (Кобул, 1980);
  • Забони модарӣ дар синфи 1 (Кобул, 1980);
  • Методикаи таълими Алифбо (Кобул, 1980);
  • Методикаи таълими забони дарӣ дар синфҳои ибтидоӣ (Кобул, 1982);
  • Асосҳои омӯзиш (ба забонҳои дарӣ ва пушту, Кобул, 1982);
  • Алифбо барои калонсолон (Кобул, 1982);
  • Ҷумлаҳои сода дар забони дарӣ (Кобул, 1982);
  • Дастури забони дарӣ (Синтаксис) (Кобул, 1982);
  • Забони модарӣ дар синфи 1 (Душанбе, 1972);
  • Забони модарӣ барои синфи 2 (Душанбе, 1972);
  • Забони модарӣ барои синфи 3 (Душанбе, 1973);
  • Алифбо (Душанбе, 1980);
  • Субҳи дониш (Душанбе, 1983);
  • Дастурамал оид ба таълими Субҳи дониш (Душанбе, 1983);
  • Методикаи таълими забони модарӣ дар синфҳои ибтидоӣ (Душанбе, 1985);
  • Забони модарӣ барои синфи 4;
  • Таълим дар синфи 1 (Душанбе, 1992);
  • Педагогикаи шафқат (Душанбе, 1994);
  • Дарс (Душанбе, 1995);
  • Эҳёи педагогикаи Аҷам (Душанбе, 1997);
  • Дидактикаи муосир (Душанбе, 2001);
  • Асосҳои таълими ибтидоии забони модарӣ (2007);
  • Истиқлолияти Тоҷикистон ва маорифи навин (Душанбе, 2006);
  • Оғози қиссаи тарбия (Душанбе, 2007);
  • Педагогикаи башар (Душанбе, 2008);
  • Арӯси Имом Ҳусайн (Душанбе, 2010);
  • Забон ва масъалаҳои таълимӣ (Душанбе, 2011);
  • Андешаи миллӣ ва тарбияи он. Педагогикаи миллии халқи тоҷик, Муқаддимаи ихтисоси омӯзгорӣ (воситаи таълимӣ, Душанбе, 2012),
  • Фарзанд ҳадяи Худованд, китоби 1 ва 2 (Душанбе, 2014),
  • Асосҳои таҳқиқоти илмӣ (Душанбе, 2014),
  • Мавлоно Ҷомӣ — рамзи хоксорӣ ва дастархондории тоҷикон (Душанбе, 2014),
  • Педагогика /Барномаи таълимӣ барои ихтисосҳои омӯзгории таҳсилоти кредитӣ
  • «Чаҳоргонаи тарбия» (Душанбе, 2022).[2]

Дар бораи Маҳмадулло Лутфуллоев

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Мактаби академик Лутфуллоев таҳқиқ шавад. Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикисто «Садои Мардум»[3]
  1. ДУРДОНАҲОИ ХИРАДИ АКАДЕМИК МУҲАММАД ЛУТФУЛЛОЗОДА(тоҷ.). marifatiomuzgor.tj (2023). 15 май 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 май 2023.
  2. Китоби нав. Муҳаммад Лутфуллозода. «Чаҳоргонаи тарбия»(тоҷ.). kmt.tj (5 Декабри 2022). 15 май 2023 санҷида шуд.
  3. Мактаби академик Лутфуллоев таҳқиқ шавад(тоҷ.). sadoimardum.tj (14 май 2013). 15 май 2023 санҷида шуд.