Маҳмадулло Раҷабзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳмадулло Раҷабзода
Маҳмадулло Раҷабов
Таърихи таваллуд 4 январ 1958(1958-01-04) (66 сол)
Зодгоҳ Муъминобод , вилояти Кӯлоб
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ забоншиносӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб

Маҳмадулло Раҷабзода (тав. 4 январи 1958, ноҳияи Муъминобод, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — забоншинос, номзади илмҳои педагогика (2004), дотсент (2008).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1976—1978 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Солҳои 1978—1983 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб таҳсил намудааст. Солҳои 1983—1993 муаллими забон ва адабиёти руси муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳияҳои Ҳисор ва Муминобод, 1993—1994 методисти шуъбаи таълими Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, 1994—2002 декани шуъбаи рӯзона ва ғоибонаи Коллеҷи савдои шаҳри Душанбе буд. Солҳои 2002—2005 дар вазифаҳои декани факултети омӯзиши ғоибона, муовини ректор оид ба тарбия, масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва таълими Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 2005—2009 декани факултети филологияи рус ва муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода буд. Аз соли 2009 дар вазифаи декани факултети забони русии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор мекард. Солҳои 2016-2020 ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода буд. Бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2001) сарфароз гардидааст.

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи 4 асару зиёда аз 40 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ мебошад, ки дар онҳо масъалаҳои забоншиносӣ ва тарбияи ахлоқиро мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор додааст. Бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2001) сарфароз гардидааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Тарбияи шахсият ва ташаккули сифатҳои ахлоқӣ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (бо ҳаммуалллифӣ), Д., 2001;
  • Формирование нравственных качеств личности в «Шахнаме» Фирдоуси, Д., 2004;
  • Педагогические идеи Фирдоуси о нравственных качествах личности, Д., 2007;
  • История педагогики мира. Курс лекции (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2010.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]